ВидеоТоҷикистонҲодиса

ҲАЛОКАТИ 5 СОКИНИ ҚАЛЪАИ ДӮСТ ДАР ЯК САДАМАИ МАРГБОР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД (ВИДЕО)

Шоми 7 январ, тахминан соати 18:50, дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар мавзеи Зимарғи ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ бар асари ба ҷарии умқаш 400 метр чаппа шудани як мошини “Опел-Астра” 5 нафар – ронанда ва 4 мусофираш – ҳалок шуда, танҳо як нафар бо ҷароҳатҳои зиёд зинда мондааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ҳамаи қурбониёни ин садама сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич ва ронандаи 62-солаи “Опел” ҳамсояи онҳо будаанд. Қурбониёни ин садама аз 7 то 62  сол доштаанд.  Аз ҷумла як кӯдаки 7-сола бо номи Саида дар ин садама ҷон додааст.

КҲФ гуфт, наҷотдиҳандагони ин ниҳод дар водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса расида, ибтидо аккумулятори мошинро хомӯш карданд, то пеши роҳи сӯхтор ва таркиши мошинро бигиранд. Онҳо сипас бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро берун оварданд. Онҳо ҳамчунин як мусофирро, ки бо вуҷуди ҷароҳатҳои зиёд зинда буд, берун кашида, ба бемористон интиқол додаанд.

Ин садама дар ҳоле рух дод, ки  тақрибан ду ҳафта боз дар Тоҷикистон сармои қаҳратуни “зимистони сибирӣ” ҳукмфармост. КҲФ бори дигар аз ронандагоне, ки дар ин рӯзҳои сарду яхӣ азми сафар доранд, хостааст, ки қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 6 январ, тахминан соати 18:00, дар роҳи Восеъ – Ҳамадонӣ ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бар асари бархӯрди мошини “Опел-Астра” бо харароба ноболиғи аробасвор Сайҷаъфар Ятимов, с.т.2006, сокини ҷамоати Гулистон  ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. ВКД мегӯяд, ронандаи 37-солаи “Опел” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Садамаи фалокатбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд: Панҷ сокини деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич ба ҳалокат расиданд. Ҳама як авлоду ронанда ҳамсоя


7-уми январи соли раовн тахминан соати 18:50 дақиқа дар километри 80 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд–Чаноқ, мавзеъи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоб  мошини тамғаи Opel Astra G, ки аз ҷониби як марди 62-сола, сокини  деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич идора мешуд, ба ҷарии 400 метр сарозер шуд.
Дар ин садамаи мудҳиш 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудагон сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич буда, хешу табори наздик, ронанда ҳамсояи онҳо. Бузургсолтарини онҳо ронанда ва хурдсолтарини онҳо Сайида ном духтарчаи ҳафтсола будааст.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар водии Зарафшони вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса расиданд ва аввалин коре, ки карданд, акумлятори мошинро хомӯш намуданд, то пеши роҳи сӯхторро гиранд. Баъдан бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ ҷасади ҳамаи қурбониёни ин садамаи маргборро берун оварданд. 

Бино ба гузориши имдодгарон вақти роҳандозии корҳои наҷот як нафар бо вуҷуди ҷароҳатҳои зиёд зинда буд. Имдодгарон ӯро аз мошин берун оварданд, баъди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба духтуроне, ки сари вақт расида буданд, супурданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагоне, ки дар ин рӯзҳои сарду яхӣ азми сафар доранд, хоҳиш мекунад қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд, хеле эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button