ИқтисодМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК ГУЗАРГОҲАШ ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОНРО БОЗ КАРД. ВАЛЕ ФЕЪЛАН ФАҚАТ БАРОИ МОШИНҲОИ БОРКАШ

Ӯзбекистон боз як гузаргоҳаш дар марз бо Тоҷикистонро боз кард. Идораи боҷхона (гумрук)-и вилояти Самарқанд хабар дод, ки гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи ноҳияи Ургут бо Панҷакенти Тоҷикистон дубора ба фаъолият шурӯъ кардааст.

“Дар ҳоли ҳозир тавассути ин гузаргоҳ танҳо ба мошинҳои боркаши байналмилалӣ иҷозати убур дода шудааст. Акнун корхонаҳое, ки дар вилояти Самарқанд амал мекунанд, метавонанд ба осонӣ молҳои худро тавассути ин гузаргоҳ ба кишвари ҳамсоя содир кунанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар Телеграм-канали кумитаи боҷхонаи Ӯзбекистон.

Кумитаи боҷхонаи Ӯзбекистон гуфт, дар бораи аз кай имконпазир шудани убуру мурури шаҳрвандон тавассути ин гузаргоҳ баъдан хабар хоҳанд дод.

 Гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм моҳи марти соли 2020 дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус баста шуд. Ҳамон вайт тақрибан ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон баста шуданд. Дар натиҷа аз 17 гузаргоҳ танҳо се гузаргоҳи Пахтаобод – Сариосиё, Мастчоҳ – Ойбек ва Спитамен – Плотина фаъол боқӣ монданд, вале тавассути онҳо танҳо убуру мурури мошинҳои боркаш иҷозат дода шудааст. Равуои сокинон байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз моҳи март ба ин тараф мамнӯъ мебошад.

Рӯзи 5 январ, баъди қариб 10 моҳи танаффус нахустин парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд анҷом шуд. Бо ин парвоз 65 нафар аз пойтахти Ӯзбекистон ба Душанбе омада, аз инҷо ҳудуди 100 мусофир ба Тошканд парвоз карданд.

Ба гуфтаи мақомот, азсаргирии парвозҳои мунтазам байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз моҳи март дар назар дошта шудааст. Ибтидо қарор буд, ин парвозҳоро аз моҳи ноябри соли 2020 аз сар бигиранд, вале ду тараф дар ин масъала ба тавофуқ расида натавонистанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button