Хабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОҲИ ДЕҲМОЙ – ХУҶАНД – КОНИБОДОМ

Субҳи 6 январ, соати 04:20, бар асари бархӯрди мошини “Мерседес” бо мошини боркаши “Чакман” дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ронандаи 18-солаи “Мерседес” аз Исфара ва мусофири 32-солааш аз ш. Ваҳдат дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, се мусофири дигари сабукрав ҷароҳат бардоштаанд.

Як сокини 24-солаи пойтахт шоми 5 январ, соати 17:30 дар кӯчаи Н.Махсум як ҷавони 20-соларо латтукӯб карда, ба пой ва шиками ӯ корд задааст.

Cе сокини ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо иттиҳоми дуздии 5 сар чорвои сокинон дастгир шудаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда ва мусофир дар натиҷаи бархӯрди ду автомобил

Рӯзи 6-уми январи соли 2021, тахминан соати 04:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Бобоев Хушбахт Хурсандович, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди «Деҳмой-Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Чакман», таҳти идораи ронанда, Асроров Акмал Алихуҷаевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Бобоев Х.Х. ва мусофираш Ғафуров Мирзомурод Гулмуродович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ичунин мусофирони дигари автомашинаи «Мерседес-Бенс», Отаёров Шодимурод Бобониёзович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Рудакӣ, Отабоев Нуъмонҷон Валиҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳия Ҷ.Расулов ва Қурбонбеков Бекназар Юлдошевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани ҷавони 20-сола

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми январи соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт шахсони номаълум аз ҳиссиётӣ авбошӣ, бе ягон асос писараш ҷавони 20-соларо лату кӯб намуда, бо корди дар дасташон буда, 1-маротиба ба пой ва шикамаш задаанд.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздии чорвои калони шохдор аз ҷониби як гуруҳи ҷинояткор

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми ноябри соли 2020, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, шахсони номаълум аз заминҳои деҳаи Роҳи-Нав, хоҷагии деҳқонии ба номи С.Ҷумъаев, 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Узуни ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда бо ҳамроҳии мардони 37 ва 32-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи мазкур, санаи 26-уми декабри соли 2020, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, аз заминҳои деҳаи Роҳи-Нав, хоҷагии деҳқонии ба номи С.Ҷумъаев, 1-сар чорвои калони шохдори марди 45-солаи сокин ҷамоати деҳоти Узунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурдагон рӯзи 26-уми декабри соли 2020, тахминан соатҳои 15:00, аз заминҳои деҳаи Роҳи-Нав, хоҷагии деҳқонии ба номи С.Ҷумъаев, 2-сар чорвои калони шохдори марди 61-солаи сокини ҳамин ноҳияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурдагон 31-уми декабри соли 2020, тахминан соатҳои 15-30-дақиқа, аз заминҳои деҳаи Роҳи-Нав, хоҷагии деҳқонии ба номи С.Ҷумъаев, 1-сар чорвои калони шохдори марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкурро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button