ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ “БОМДОД”: 7 ЯНВАРИ СОЛИ 2020

Дуруд, тамошобинони азиз!

Хулосаи муҳимитарин хабарҳои рӯзи 7 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

АНДРЕЙ ГРОЗИН ГУФТ, ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН ТОРАФТ ДОҒТАР МЕШАВАД

ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК ГУЗАРГОҲАШ ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОНРО БОЗ КАРД. ВАЛЕ ФЕЪЛАН ФАҚАТ БАРОИ МОШИНҲОИ БОРКАШ

ТАЪРИХИ СОЛИ 1974 ҲАНӮЗ ДАР ЗАМОНИ СССР БА ҲАҶ РАФТАНИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ЗАНОЗАНӢ БО МУҲОҶИРОН БАЪДИ ЯК САДАМА ДАР ПЕТЕРБУРГ

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОҲИ ДЕҲМОЙ – ХУҶАНД – КОНИБОДОМ

ДУ ФОҶИАИ МАРГОВАР ДАР АШТ ВА ЛЕВАКАНТ

МУҲОҶИРОНИ БАНОМУС СЕ ТИФЛИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БА НАЗДИ МОДАРАШОН ФИРИСТОДАНД

САИДМӮМИН ЗУБАЙДОВ ҲАРИФАШРО ДАР ЯК ДАҚИҚА ТАСЛИМ КАРД

Сиёсатшиноси шинохтаи рус, мудири шуъбаи Осиёи Миёнаи Пажуҳишгоҳи СНГ Андрей Грозин дар мусоҳиба бо радиои “Спутник Тоҷикистон“ паҳлуҳои муҳимтарин тағйири ҷавви ҳоким бар фазои кишварҳои ин минтақа дар соли 2020-ро баршумурд. Грозин таъсири пандемияи коронавирусро як рӯйдоди асосӣ дар Осиёи Марказӣ дар соли гузашта номид ва гуфт, иқдомҳои шадиди пешгирифтаи давлатҳои минтақа ба натиҷаҳои тақрибан яксон – кунд шудани рушди иқтисодӣ ва дар кишварҳои муҳоҷирфирист ба коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷ – боис шуд. Грозин мухолифати дар ҳоли афзоиши Амрико бо Хитойро як рӯйдоди дигари начандон хушоянд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ номид ва гуфт, ин кишварҳо бо вуҷуди вобастагии ҷиддии иқтисодиашон аз Пекин чандон моили гирифтани ягон тарафи мушаххас дар ин ихтилофи байни Амрикову Хитой нестанд.

Грозин афзуд, дар айни замон  мавзӯи интиқоли дар ҳоли идома ваё мунтазираи қудрат як паҳлуи дигари ҷиддиест, ки ба ин ё он сурат бар ҷавви ҳоким бар фазои сиёсии тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад.

 «Барои Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи интиқоли қудрат дар соли 2020 мавзӯи асосӣ нашуд, чунки мушкилоти марбут ба коронавирус ва локдаун боло гирифтанд. Вале бо ин вуҷуд мавзӯи интиқоли қудрат дар ин кишварҳо муҳим боқӣ мемонад ва яқинан бо гузашти ҳар як моҳ доғтару доғтар мешавад», – мегӯяд Андрей Грозин.

ххххххх

Ӯзбекистон боз як гузаргоҳаш дар марз бо Тоҷикистонро боз кард. Идораи боҷхона (гумрук)-и вилояти Самарқанд хабар дод, ки гузаргоҳи Ҷартеппа дар марзи ноҳияи Ургут бо Панҷакенти Тоҷикистон дубора ба фаъолият шурӯъ кардааст.

“Дар ҳоли ҳозир тавассути ин гузаргоҳ танҳо ба мошинҳои боркаши байналмилалӣ иҷозати убур дода шудааст. Акнун корхонаҳое, ки дар вилояти Самарқанд амал мекунанд, метавонанд ба осонӣ молҳои худро тавассути ин гузаргоҳ ба кишвари ҳамсоя содир кунанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар Телеграм-канали кумитаи боҷхонаи Ӯзбекистон.

Кумитаи боҷхонаи Ӯзбекистон гуфт, дар бораи аз кай имконпазир шудани убуру мурури шаҳрвандон тавассути ин гузаргоҳ баъдан хабар хоҳанд дод.

 Гузаргоҳи Ҷартеппа – Саразм моҳи марти соли 2020 дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус баста шуд. Ҳамон вайт тақрибан ҳамаи гузаргоҳҳо дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон баста шуданд. Дар натиҷа аз 17 гузаргоҳ танҳо се гузаргоҳи Пахтаобод – Сариосиё, Мастчоҳ – Ойбек ва Спитамен – Плотина фаъол боқӣ монданд, вале тавассути онҳо танҳо убуру мурури мошинҳои боркаш иҷозат дода шудааст. Равуои сокинон байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз моҳи март ба ин тараф мамнӯъ мебошад.

хххххх

Cомонаи Islamnews.ru дар як матлаб ба таърихи соли 1974, ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сафари Ҳаҷ кардани академик Бобоҷон Ғафуров, собиқ котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва раиси Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР пардохтааст. Ба ақидаи муаллиф, сафари Бобоҷон Ғафуров ба Ҳаҷ ҳам оҳанги мазҳабӣ ва ҳам оҳанги сиёсӣ дошт.

Владимир Алпатов дар як китобаш навиштааст: “Соли 1974 сафари ғайричашмдошти Бобоҷон Ғафурович ба Макка сару садои зиёд ба по кард. Ҳоло дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки академик Ғафуров дар поёни умраш аз ақидаҳои атеизм даст кашида, рӯ ба нури имон овард. Вале ба назар мерасад, ки дар ин сафар низ ӯ пеш аз ҳама сиёсатмадор ва намояндаи кишвари худ буд. Ба ақидаи вай, чунин иқдом метавонист дар бораи мо дар Арабистони Саудӣ ва тамоми ҷаҳони Ислом таассуроти хуб боқӣ гузорад.”

Аммо Игор Дяконов, ки дар Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ҳамроҳи Бобоҷон Ғафуров кор мекард, дар китоби хотироташ чунин қисса мекунад: «Вақте ки ӯ ба Маскав баргашт, одамони наздиктаринашро дар дафтари кораш дар Пажуҳишгоҳ ҷамъ кард ва тақрибан чунин гуфт: “Инки ман котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон будам, як чизи беҳуда аст. Ин ки ман узви Кумитаи марказии КПСС будам, як чизи беҳуда аст. Аммо ин ки ман ҳоҷӣ шудам, ин дар қишлоқи ман қадру манзалат дорад”. Ва бо ҳамин андеша ӯ ба Ватанаш баргашт, ки онҷо бимирад…”

Бобоҷон Ғафуров соли 1908 дар деҳаи Исфисор (ҳоло – шаҳри Ғафуров) дар канори Хуҷанд ба дунё омадааст. Модари ӯ Розия Озод яке аз шоирони маъруфи замони худ буд. Бобоҷон Ғафуров солҳои 1946-1956 котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунист ва амалан раҳбари якуми Тоҷикистон буд. Аз соли 1956 то замони фавташ дар соли 1977 Бобоҷон Ғафуров раиси Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои СССР буд. Ба эътирофи ҳамагӣ, маҳз дар замони раҳбарии академик Ғафуров, ин пажуҳишгоҳ ба як маркази бузурги илмиву таҳқиқотӣ табдил ёфт. Шоҳасари “Тоҷикон” яке аз муҳимтарин корҳои илмии худи Бобоҷон Ғафуров буд, ки яке аз муътабартарин маъхазҳо дар бораи таърихи мардуми тоҷик шинохта шудааст.

ххххх

Се фарзанди Ситора Сафарова, ки қариб як сол боз дар шаҳри Новосибирски Русия дармонда буданд,  рӯзи 5 январ бо кумаки муҳоҷирони тоҷик ба Ватан, ба назди модарашон баргаштанд.

Ситора Сафарова, як модари 4 фарзанд аз Душанбе, ки ҳамроҳи кӯдаконаш ба ҷустуҷӯи кор ба Русия рафта буд, моҳи феврал ҳамроҳи кӯдаки хурдиаш ба сабаби бад шудани вазъи саломатиаш ба Тоҷикистон баргашт. Аммо се кӯдаки ӯ дар Новосибирски Русия дармонданд. 

Ситора Сафарова як моҳ қабл аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хоста буд, ки барои баргардондани фарзандонаш кумак кунанд. Ситора мегуфт, пардохти беш аз 120 ҳазор рубл (ҳудуди 1500 доллар) барои харидани чиптаи парвози ин се тифл берун аз тавони молиявии ӯст, ки ҳатто барои кӯдаки хурдиаш имкони харидани либоси зимистонаро надорад. “Илтимосу илтиҷо дорам, ки маро ба фарзандонам расонед, чун бе онҳо зиндагӣ карда наметавонам…”- гуфта буд Ситора дар муроҷиаташ ба Рустами Эмомалӣ.

Ин зан бо кӯдаконаш ҳоло дар Душанбе дар як хобгоҳ дар шароити танг зиндагӣ доранд. Ситора мегӯяд, ба иллати маризӣ тавони кор кардан надорад ва маҷбур аст, ки бо андаке гарм шудани ҳаво бо фарзандонаш ба бозор бароянд, ки ҷуворимакка ё ягон чизи дигар фурӯхта, зиндагиашонро пеш баранд.

xххххх

Субҳи 6 январ, тахминан соати 04:20-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес», Бобоев Хушбахт Хурсандович, соли таваллудаш 2002, сокини ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Деҳмой-Хуҷанд-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини боркаши тамғаи «Чакман», таҳти идораи ронанда, Асроров Акмал Алихуҷаевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи «Мерседес»  ва мусофираш Ғафуров Мирзомурод Гулмуродович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Се мусофирони дигари «Мерседес” ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар бораи ду фоҷиаи марговар дар Ашт ва Леваканд хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, дар ҷамоати Ориёнои ноҳияи Ашт дар поси шаб як манзил ҳангоми хоб будани бошандагонаш ба коми оташ рафтааст. Бар асари ин сӯхтор соҳибхона – пирамарди 76-сола ҷон бохтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ (печка)-ро сабаби сар задани сӯхтор номидааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки шаби Соли нав бар асари заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар Ҳисор ду нафар ба ҳалокат расида, якеи дигарро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Бино ба иттилои ҳамин ниҳод, имдодгарони Кумита дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ҷасади як мардро аз обанбори нирӯгоҳи Сарбанд берун кашидаанд. Гуфта мешавад, ки ин мард сокини 38-солаи ноҳияи Айнӣ буда, бо сабабҳои ҳанӯз номаълум даст ба худкушӣ зада, худро ба обанбори нирӯгоҳи Сарбанд партофтааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳодисаи худкушӣ ё қасди худкушӣ рӯй медиҳад.

xxxxxx

Як садама дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо занозании байни муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва сокинони Русия анҷомид. Хабаргузории «Фонтанка бо такя ба манбаи худ дар мақомоти интизомии Петербург хабар дод, ки садама ва сипас занозанӣ соати яки шаби 5 январ дар кӯчаи Караваевская дар ноҳияи Нева рух додааст. Дар пайи занозанӣ як муҳоҷири 36-сола аз Ӯзбекистонро бо захми корд аз ноҳияи шикам ва ронаш бистарӣ кардаанд. Табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Кормандони пулис дар ҷои ҳодиса 8 нафар – 3 зодаи Ӯзбекистон, 2 сокини шаҳри Слантсии вилояти Ленинград ва се нафари дигар аз вилоятҳои Пензаву Воронеж ва шаҳри Великий Новгородро дастгир карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. Ба гуфтаи мақомот, дастгиршудаҳо ҳама ҷавон буда, аз 29 то 36 сол доранд.

Нисбат ба онҳо бо иттиҳоми “майдаавбошӣ” протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун ҷарима ё ҳадди аксар ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад. Аммо зодагони Ӯзбекистонро, ки дар Петербург бидуни сабти ном қарор доштаанд, метавонанд бар илова аз Русия ихроҷ ҳам кунанд.

 хххххх

Дар мусобиқаи ММА Open Fighting Championship  дар шаҳри Самара варзишгари зодаи Тоҷикистон Саидмӯмин Зубайдов дар ҳамагӣ як дақиқа тавонист ҳарифаш аз Самара Егор Ворошиловро мағлуб кунад.

Саидмӯмин Зубайдов намояндаи бошгоҳи «Ахмат» аз Тоҷикистон буда, вақтҳои охир дар толори мактаби №33-и шаҳри Сизрани вилояти Самара дар гуруҳи мураббӣ Ровшан Агаев машқ мекунад ва дар мусобиқаҳои ҷангҳои бидуни қоида ба намояндагӣ аз Сизран ҳунарнамоӣ мекунад.

Дар мусобиқаи ахир, ки дар Самара дар арафаи Соли нав доир шуд, мизбони ин мусобиқа Егор Ворошилов ба ҷуз аз таслим шудан баъди як дақиқаи  набард бо Саидмӯмин Зубайдов чораи дигаре надошт. Набард бояд чоруним дақиқа идома мекард, вале довар алакай баъди як дақиқаву 17 сония набардро пеш аз муҳлат қатъ кард ва пирӯзиро ба Саидмӯмин дод.

Зубайдов дар сонияҳои аввали набард бо эҳтиёт рафтор карда, паҳлуҳои заъфи ҳарифашро меомӯхт. Ворошилов баракс хеле зуд ва фаъолона ба ҳамла гузашт, вале баъди як зарбаи номуваффақ бо пой ба рӯи фарш афтод. Зубайдов ӯро дар фарши октагон пахш кард, вале Ворошилов тавонист худро аз чанги ҳариф раҳо карда, Зубайдовро ба пушт афтонад. Аммо Саидмӯмин Ворошиловро чунон гулӯгир кард, ки ҳарифаш бо даст ишораи таслим шудан кард.

Ин нахустин чунин пирӯзии зуди Саидмӯмин Зубайдов дар мусобиқаҳои ММА буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button