ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатТоҷикистон

АНДРЕЙ ГРОЗИН: ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН ТОРАФТ ДОҒТАР МЕШАВАД (САДО)

Сиёсатшиноси шинохтаи рус, мудири шуъбаи Осиёи Миёнаи Пажуҳишгоҳи СНГ Андрей Грозин дар мусоҳиба бо радиои “Спутник Тоҷикистон“ паҳлуҳои муҳимтарин тағйири ҷавви ҳоким бар фазои кишварҳои ин минтақа дар соли 2020-ро баршумурд. Грозин таъсири пандемияи коронавирусро як рӯйдоди асосӣ дар Осиёи Марказӣ дар соли гузашта номид ва гуфт, иқдомҳои шадиди пешгирифтаи давлатҳои минтақа ба натиҷаҳои тақрибан яксон – кунд шудани рушди иқтисодӣ ва дар кишварҳои муҳоҷирфирист ба коҳиши ҳаҷми интиқоли пул аз хориҷ – боис шуд. Грозин мухолифати дар ҳоли афзоиши Амрико бо Хитойро як рӯйдоди дигари начандон хушоянд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ номид ва гуфт, ин кишварҳо бо вуҷуди вобастагии ҷиддии иқтисодиашон аз Пекин чандон моили гирифтани ягон тарафи мушаххас дар ин ихтилофи байни Амрикову Хитой нестанд.

Грозин афзуд, дар айни замон  мавзӯи интиқоли дар ҳоли идома ваё мунтазираи қудрат як паҳлуи дигари ҷиддиест, ки ба ин ё он сурат бар ҷавви ҳоким бар фазои сиёсии тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мегузорад.

 «Дар бархе кишварҳо, барои мисол, дар Ӯзбекистон ин масъала як муддат аҳамияти худро аз даст дод, дар бархе кишварҳо ин масъала ҳамчунон таваҷҷуҳи доираи коршиносон ва ҳам элитаҳо ва ҷомиаро ба худ ҷалб мекунад. Барои мисол, дар Қазоқистон, ки онҷо на ҷадвали замонӣ ва на шакли интиқоли қудрат то ҳол номафҳум боқӣ мемонанд, чунки интиқоли қудрат дар онҷо то ҳол анҷом наёфтааст, ҳанӯз идома дорад.

Дар бархе кишварҳо ин раванд дар ҳоли интизорист ва ба ин ба ҳа таври гуногун ҳам ба доираҳои ҳоким ва ҳам ба ҷомиа таъсир гузошта, бо гузашти ҳар моҳ интизориаш бештару бештар мешавад. Ба ин тоифаи кишварҳо Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон дохил мешаванд. Албатта, Қирғизистон як мавзӯи алоҳида аст, чунки дар онҷо сарфи назар аз он ки чӣ шахсиятҳое дар сари қудратанд, интиқоли қудрат зиёд сурат мегирад ва ҳукумат зуд-зуд иваз мешавад.

Барои Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаи интиқоли қудрат дар соли 2020 мавзӯи асосӣ нашуд, чунки мушкилоти марбут ба коронавирус ва локдаун боло гирифтанд. Вале бо ин вуҷуд мавзӯи интиқоли қудрат дар ин кишварҳо муҳим боқӣ мемонад ва яқинан бо гузашти ҳар як моҳ доғтару доғтар мешавад», – мегӯяд Андрей Грозин.

Грозин рассказал, как в ЦА за год изменилась политическая конъюнктура

Руководитель отдела Средней Азии Института стран СНГ Андрей Грозин рассказал, как в 2020 году изменилась политическая конъюнктура в Центральной Азии.
В эфире радио Sputnik Таджикистан он отметил, что для всех стран Центральной Азии минувший год выдался достаточно сложным.

“Трудности были в основном из-за локдаунов разной степени жесткости. Коронавирусные ограничения везде привели к похожим результатам — сдерживанию экономики, а в государствах, которые ориентировались на экспорт трудовых ресурсов, — к сокращению денежных поступлений из-за границы. В свою очередь это сказалось на социально-экономическом развитии стран региона. Также общей тенденцией, которая повлияла на весь регион, безусловно, стала волатильность мировых экономических рынков, в первую очередь сырьевых”, — сказал Грозин.

Он подчеркнул, что падение цен на энергоносители серьезно отразилось на экономике регионального лидера — Казахстана.

“Это также прямо или косвенно коснулось всех республик Центральной Азии. Причем относительно новым процессом для стран региона оказалась вызванная пандемией и общемировыми процессами геополитическая турбулентность. Набирающее силы американо-китайское противостояние, которое не уйдет в историю с администрацией Трампа, стало очень неприятным событием для большинства центральноазиатских государств. А визит госсекретаря США Майка Помпео был анонсом новой стратегии, ядром которой стало стремление притормозить развитие Китая. Страны ЦА в экономическом плане серьезно зависят от китайской экономики, и зависимость только растет. Но при этом центральноазиатские государства совершенно не хотят занимать чью-то сторону в американо-китайской борьбе”, — объяснил эксперт.

По его словам, тема продолжающегося или ожидаемого транзита власти является еще одним серьезным моментом, который влияет на все государства ЦА.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button