ВидеоИқтисодКоррупсияҲодиса

СӮҲРОБИ “ВАЛЮТЧИК” БО МИЛЛИОНҲОИ МАРДУМ КУҶО ҒАЙБ ЗАД?

Сӯҳроб Абдуҳамидов, сокини 44-солаи Истаравшан, ки солҳо боз дар бозори марказии ин шаҳр ба иваз кардани пули мардум машғул буд, тақрибан як моҳ боз ғайб задааст. Сокинон маблағҳои бузургро барои иваз кардан ба ӯ медоданд ва ҳоло ҳайронанд, ки пули худро чӣ гуна пас бигиранд? Дар ҳамин ҳол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба хабаргузории “Спутник” гуфтанд, ки нисбат ба ин сокини Истаравшан бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парванда боз карда шудааст.

“Абдуҳамидов Сӯҳроб Абдусаломович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бо он асос дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки номбурда аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ, баробар ба 80 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, барои интиқол додан ба кишвари Чин гирифта, вале ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”,  – гуфтаанд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ба гуфтаи мақомот, Абдуҳамидов аз соли 2015 то ин ҷониб фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардида, бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағи онҳоро гирифтааст. Тафтиши парванда алайҳи Сӯҳроб Абдуҳамидовро прокуратураи вилояти Суғд пеш мебарад.

Сӯҳроб Абдуҳамидови “валютчик”, миллионҳо рубли муҳоҷиронро гирифта, куҷо ғайб зад?

Сӯҳроб Абдуҳамидов сокини шаҳри Истаравшан, ки солҳо боз ба иваз намудани асъор машғул буд, ғайб задааст. Шуморе аз сокинон бе хабар аз он, ки фаъолияти саррофии Абдуҳамидов ғайриқонунӣ аст, ба ӯ бовар карда пулашонро додаанд

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Манобеъи огоҳ дар шаҳри Истаравшан дар бораи бедарак шудани Сӯҳроб Абдуҳамидов иттилоъ медиҳанд.

Як сокини ин шаҳр дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳудуди як моҳ аст, ки Абдуҳамидов дар бозори марказии Истаравшан ҷойе, ки ҳамарӯза ба иваз намудани пули мардум машғул буд, дида намешавад ва дар куҷо ғайб задани ӯ низ маълум нест.

Мардум ба фаъолияти ӯ бовар карда пулашонро иваз мекарданд. Шуморе аз онҳое, ки фарзандонашону пайвандонашон аз муҳоҷират рубли русӣ мефиристоданд барои бо курси нисбатан баландтар иваз намудани пулашон ба наздаш мерафтанд”,– гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи манобеъ, баъзеҳо ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда, ба ҷуз иваз намудан, ҳатто маблағашонро барои гардиш додан ба ӯ месупориданд.

Ба ҳисоби соҳибкорон, даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон аз Истаравшан ва деҳоти ноҳияи Деваштич дар ин миён будаанд, ки миллионҳо рубли худро, ки эҳтимол ба милионҳо доллар мерасад, ба ӯ бовар кардаанд.

Хабари ғайб задани Абдуҳамидовро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тайид карда, гуфтанд, ки ҳоло нисбати ин сокини 44-солаи шаҳри Истаравшан бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карда шудааст.

“Абдуҳамидов Сӯҳроб Абдусаломович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бо он асос дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, ки номбурда аз як сокини 34 солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ, баробар ба 80 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, барои интиқол додан ба кишвари Чин гирифта, вале ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст”,  – гуфтанд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Абдуҳамидов аз соли 2015 то ин ҷониб фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардида, бо ин роҳ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағи онҳоро гирифтааст. Зимнан тафтиши парванда алайҳи Сӯҳроб Абдуҳамидовро прокуратураи вилояти Суғд пеш мебарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button