КӢ НАВИШТ, КӢ ПОК КАРД? ШИОРИ “ИСТЕЪФО” ДАР ЯК ДЕВОРИ ШАҲРИ ХУҶАНД. ВИДЕО
Шиорҳо бо талаби истеъфои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки шаби 3 январ дар як девору роҳрав дар маркази шаҳри Хуҷанд пайдо шуд, алакай пок кардаанд. Дар наворе, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки ҷойҳоеро, ки чанд шиор ба зидди Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда буд, аз нав ранг кардаанд, вале ранги нав аз ранги қаблии девору фарши роҳрав ба таври чашмрас фарқ мекунад.
То кунун рӯшан нест, ки ин шиорҳоро ба зидди Эмомалӣ Раҳмон кӣ навиштааст? Ин кори дасти мухолифини ҳукумат буд ё амали махсус тарҳрезишуда?
Кӣ навишт, кӣ пок кард? Шиори “истеъфо” дар як девори шаҳри Хуҷанд. ВИДЕО
Радиои Озодӣ
Дар яке аз роҳравҳову деворе дар шаҳри Хуҷанд навиштаҷоте бо даъвати истеъфои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуда ва баъдан пок шудааст.
Маълум нест, кӣ ва кай онро навиштааст, вале видеои он тавассути пойгоҳи “Ислоҳ”, расонаи наздик ба мухолифони тоҷик дар Аврупо, рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.
Чанде аз корбарон маълум карданд, ки девору роҳрав дар хиёбони Шарқ ва дар наздикии бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Ҳоло аз шиорҳо нишоне намонда, вале қисме аз роҳравҳо ва деворро ранг кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ ва сокинон мегӯянд, аз чизе хабар надоранд.