ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЭЛОК БАРОИ СОХТАНИ БИТКОИН НИРӮИ БАРҚРО БА МАБЛАҒИ 734 ҲАЗОР СОМОНӢ ИСТИФОДА БУРДААНД

Як сокини 36-солаи Душанбе бо насби 505 видеокарта барои тавлиди биткоин дар як бино дар Элок бе ҳисобкунак ба маблағи 734 ҳазор сомонӣ қувваи барқро истифода бурдааст.

Рӯзи 5 январ, соати 11:30 бар асари ба ҷарии 400-500 метр чаппа шудани як мошини “Дулан” дар мавзеи Тагобаи Хушекат ронандаи 53-солаи ин мошин ҷон бохтааст.

Ду сокини ноҳияи Ҷайҳунро, ки аз моҳи август яке барои авбошӣ ва дуюмӣ барои қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти марди 36-сола бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2018, ошёнаи 2-юми корхонаи хусусиро, воқеъ дар деҳаи Элок ба иҷора гирифта, 505-адад таҷҳизоти видеокартаҳоро васл намуда, бе ҳисобкунаки барқӣ муддати зиёд ба маблағи 734 ҳазору 537-сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи ба чуқурӣ чаппа шудани автомашина

Рӯзи 5-уми январи соли 2021, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан”, Маърупов Файзулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди мавзеи «Тагоби Хушекат»-и ҷамоати деҳоти Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 400-500 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда, Маърупов Ф.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошти гумонбарони ҷиноятҳо, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд

Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбуриро дар доираи қонунҳои амалкунанда ба кор барад.

Зимни пешбурди корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷайҳун ду нафар аз сокинони ноҳияи мазкурро, ки гумонбарони ҷиноятҳо будаву аз моҳи августи соли 2020 дар ҷустӯҷу қарор доштанд, дастгир намуданд.
Инҳо: дастгиршуда Ёрмаҳмадов Оймуҳаммад дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – (авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад), гумонбар дониста мешавад.

Дастгиршуда Саидамиров Зоиршо дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон –(қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ) гумонбар дониста мешавад.

Нисбати дастгиршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун, павандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён

Муайян гардидани ҳолатҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки соли 2020, дар хиёбони Рӯдакӣ марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 30-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Шаҳринави ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2020, марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, худро сардори яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 70 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2016, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ барои хуҷҷатгузорӣ намудани 8-гектари замин аз ҳисоби заминҳои давлатии ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани якчанд ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи Қубодиён муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми декабри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар кӯчаи М.Турсунзода беназорат меистод, 3-адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва каме маблағро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 818-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи октябри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқониаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 31-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Меҳрободи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 4-уми январи соли 2021, тахминан соати 07:20-дақиқа, бо тариқи пинҳонӣ аз даромадгоҳи бинои №18-и кӯчаи Бобокалонов 1-адад дучархаи тамғаи «STE»-ро, ки ба марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 700-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса првандаи ҷинояӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, охирҳои моҳи августи солаи 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб, ки ба марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад даромада, аз он ҷо тирезаҳои пластикиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button