ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВАЗОРАТИ ХОРИҶА: НАРХИ ШИНОСНОМАҲО ГАРОН НАШУДААСТ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5 январ гуфт, нархи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ гарон нашудааст ва бетағйир, яъне 75 доллар боқӣ мондааст. Хадамоти матбуоти ин вазорат гуфт, танҳо нархи боҷи давлатӣ аз 87 ба 90 сомонӣ боло рафтааст.

Шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон яке аз гаронбаҳотарин шиносномаҳо дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор мераванд.

Ин шиносномаҳо дар муддати 15 рӯз тайёр карда мешаванд. Агар шаҳрвандон шиносномаро зудтар гирифтан хоҳанд, барои дар зарфи як ҳафта тайёр шуданаш, бояд 150 доллар ва барои дар 3 рӯз тайёр шуданаш 225 доллар пардохт кунанд.

ВКХ Тоҷикистон: нархи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ қимат нашудааст

ДУШАНБЕ, 05.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки нархи шиносномаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қимат нашудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шурӯъ аз 1 январи соли равон танҳо боҷи давлатӣ аз 87 сомонӣ ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Нархи шиносномаи хориҷӣ 75 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки бе тағйир мондааст.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки хадамоти судури шиносномаи хориҷӣ дар баробари дигар пардохтҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла маблағи гирифтан ва тамдид кардани шиносномаи хориҷиро аз аввали соли равон афзудааст.

Маркази матбуоти ин ниҳод мегӯяд, тамдид ё дароз кардани муҳлати шиносномаи хориҷии Тоҷикистон низ имкон надорад, зеро он биометрӣ буда, як муҳлати муайян эътибор хоҳад дошт.

Шиносномаи биометрии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид намегардад. Маълумот дар он ба таври электронӣ дода мешавад ва тағйир додани он фақат дар сурати аз нав кардани шиноснома имкон дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button