ВидеоМуҳоҷиронУмумӣ

СОҲИБИ АВТОПРОКАТ АЗ НОВОСИБИРСК 6 МОШИНАШРО ДАР ТОҶИКИСТОН ПАЙДО КАРД ВА БАРГАРДОНД

Як сокини шаҳри Новосибирски Русия бо номи Иван тавонистааст ба воситаи додгоҳи Тоҷикистон 6 мошинашро, ки соли гузашта аз автопрокати  ӯ дар Новосибирск дуздида ва ба Тоҷикистон бурда буданд, пайдо кунад ва баргардонад. «Мошинҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон иҷора гирифта, «маяк»-ҳои онҳоро канда гирифтаанд ва мошинҳоро барои интиқол ба шарикони худ дода, худашон бо ҳавопаймо рафтаанд. Аз автопрокати мо ҳам 6 мошинро дуздиданд», – нақл кардааст Иван ба сомонаи маҳаллии «НГС.Новости».

Иван баъди ғайб задани 6 мошинаш дасту дил нашуст ва тавассути хадамоти амнияти автопрокаташ маълум кард, ки мошинҳо дар Тоҷикистонанд. Соҳибкор аз паси мошинҳояш ба Тоҷикистон рафт, худро ба дари сафорати Русия зад, ба мулоқот бо муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ноил шуд ва дар охир тавонист, ки ба зидди мошиндуздҳо парвандаҳои ҷиноӣ бикушоянд.

Дар ниҳоят, додгоҳи яке аз ноҳияҳои Душанбе 4 нафар аз мошиндуздҳоро ҷарима баст ва вазифадор кард, ки со мошини тамғаи «Ҳунндай Солярис»-ро ба ҷабрдида баргардонанд. Чанд рӯз пеш мурофиаи парвандаи дуздии се мошини дигари ӯ — яке тамғаи «Киа» ва дуи дигар – тамғаи «Датсун» — низ ба анҷом расид.

 «Ин бори аввал буд, ки дар Тоҷикистон чунин парванда кушоданд. Пеш мегуфтанд, ки равед, дар Русия парванда кушоед, вале бо чунин парвандаҳо то ҳол ягон мошин баргардонда нашудааст. Мошинҳои маро баргардонданд, вале онҳоро то ҳол ба Русия  оварда натавонистем, чунки сарҳад баста аст. Як мошинро мо дар Тоҷикистон алакай фурӯхтем, 5 мошини дигар мунтазири кушода шудани сарҳаданд», – нақл кардааст Иван.

Тоҷикистон як нуқтаи ниҳоии мошинҳоест, ки аз Аврупо ва Русия медузданд. Иван яке аз аввалин ҷабрдидаҳост, ки тавонист тавассути додгоҳи Тоҷикистон мошинҳояшонро баргардонад ва мошиндуздҳоро дар Ватанашон ҷазо диҳад.

Новосибирец отсудил угнанные машины в Таджикистане, но не смог ввезти их в Россию

Автомобили увозили из автопрокатов. Суд Таджикистана вернул новосибирцу угнанные машины

НГС.Новости

Житель Новосибирска смог через суд добиться возврата шести автомобилей, которые в прошлом году были угнаны из автопрокатов Новосибирска и доставлены в Таджикистан.

— Граждане Таджикистана арендовали машины, снимали все «маяки» и передавали автомобили своим подельникам для перегона, а сами улетали самолетом. И у нас из проката тоже угнали. Я полетел в Таджикистан. И в посольство ходил, и к замминистрам ходил по МВД. И впервые в истории Таджикистана было возбуждено уголовное дело на угон автомобиля из России. Обычно они говорили: «Идите и в России возбуждайте дело». Но по этому алгоритму ни разу ни одну машину не вернули. Просто все эти шесть машин уже были там и растаможены, и переоформлены на граждан Таджикистана. И поэтому просто так их невозможно было забрать. Поэтому пришлось возбуждать уголовные дела, находили этих мошенников, их садили, доводили дело до уголовного суда, — рассказал корреспонденту NGS.RU владелец одного из автопрокатов Новосибирска Иван, попросивший не указывать его фамилию. Он же представлял в суде интересы других пострадавших.

По его словам, машины были обнаружены благодаря специалистам службы безопасности автопроката, которые выяснили через пограничную службу, что автомобили в Таджикистане. И уже потом их находили через уголовный розыск Душанбе.

Как следует из текста приговора районного суда города Душанбе (документ есть в распоряжении редакции), суд признал виновными в угоне трех автомобилей четверых граждан Таджикистана. Их приговорили к штрафам, освободили из-под стражи и обязали вернуть похищенные машины марки «Хендай Солярис» представителю пострадавшего.

Суд по оставшимся трем автомобилям — «Киа» и двум «Датсунам» — завершился на днях. Документы по этому делу до России пока не дошли, уточнил Иван.

— Машины не вернулись в Россию, потому что границы закрыты. Одну мы уже продали там, пять стоят, ждут открытия границ, — добавил владелец автопроката.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button