ВидеоМуҳоҷирон

СИТОРАИ РУС АНАСТАСИЯ ВОЛОЧКОВА АКСИ ХИДМАТГОРИ ТОҶИКАШ ЛОЛАРО НАШР КАРД (АКС)

Раққосаи машҳури балет Анастасия Волочкова хабар дод, ки рӯзи 4 январ зодрӯзи 30-юми хидматгораш аз Тоҷикистон Лоларо таҷлил кардаанд.

Зодрӯзи Лола бо номрӯз (именины)-и Волочкова тавъам уфтодааст ва ҳарду ба якдигар туҳфа додаанд. Волочкова ба Лола як дастагули зебо ва шоколад туҳфа кардааст. Лола ба навбати худ корфармояшро бо як дастагули садбарги сафед ба номрӯзаш табрик гуфтааст.

Номи аслии хидматгори Волочкова Ҳилола будааст, вале дар хонаи ситораи рус ӯро Лола ном мебаранд. Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 1,2 миллион обуначӣ дорад, акси муштаракаш бо хидматгорашро дар рӯи зинапояҳои қасри пуршукуҳаш дар берун аз Маскав дар пасманзари як арчаи зебои солинавӣ нашр кард. Дар зери ин акс дар байни ҳамагӣ чанд соат дар Инстаграм қариб 10 ҳазор нафар тугмаи лайкро пахш кардаанд.

Волочкова навиштааст, ки Лола 5 сол боз дар хонаи ӯ кор мекунад ва дар  ин муддат ба як узви оилаи онҳо табдил ёфтааст. «Ин як одами наҷиб аст. Мо 5 сол боз ҳамроҳем. Алакай се кӯдаки ӯ дар ҳамин хонаи мо ба дунё омаданд. Ва мо бо ҳам дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба сар мебарем», — навиштааст Волочкова дар бораи хидматгораш аз Тоҷикистон.

volochkova_art

Сегодня юбилей нашей Лолочки @hilola04.01 (30 лет)🌺 Это замечательный человек!🙏 Мы вместе уже пять лет. Уже трое ее детей родились у нас.🙏 И мы живем в единении и гармонии😊 Лолочка, я желаю счастья тебе и твоей семье! И всем твоим родственникам и друзьям из Таджикистана.😊 Я тебя очень люблю и дорожу тобой.🙏 Зная твою любовь к шоколаду😂, я верю, что Алина и @botvabuket выполнили мой заказ в лучшем виде и смогли тебя удивить😊🌺 Они очень старались.🙏 И Спасибо за твои Розы для меня! У нас праздник Лолиного дня рождения и моих именин в один день! 4 января.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button