ВидеоҶомеа

МАРГИ ДОМОДИ НОМУРОД (ВИДЕО)

Мустафо Раҳмадзода, сокини 24-солаи ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод, ки рӯзи 6 декабр, дар рӯзи тӯйи домодиаш дар роҳ ба хонаи арӯсаш дар роҳи Тоҷикобод – Пилдон дучори садама шуд, ахиран дар бемористон ҷон додааст. Дар ин бора журналист Шаҳло Наҷмиддинова хабар дод.

Шаҳло Наҷмиддинова видеои тӯйи арӯсии Мустафои ҷавонмаргро низ нашр кардааст. Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна хешу табор домодро бо дуову орзуҳои хайр барои овардани арӯсаш ба ноҳияи Лахш гусел мекунанд.

Мошини “Киа”, ки Мустафо Раҳмадзода дар он барои овардани арӯсаш ба ҷамоати Пилдони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) мерафт, субҳи 6 декабри соли 2020, тахминан соати 10, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Лахш, дар ҳудуди ҷамоати Пилдон, ба ҷарии умқаш ҳудуди 200 метр чаппа шуд.

Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин – аммаи домод Ҳотамова Аҳлинисо Ҳотамовна, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Сари-киштии ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин – амакбачаи домод Ҳотамов Дилшод Саймуродович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, дар бемористон ҷон бохта буд.

Худи домод Раҳмадзода Мустафо Раҷаб, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд, вале тавре Шаҳло Наҷмиддинова хабар дод, ки табибон натавонистаанд, ки ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Мустафо ва Дилшод дар шаҳри Челябински Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд ва ба Тоҷикистон барои гузарондани тӯйи Мустафо баргашта буданд.
Вале домоде, ки бо ҳазорон орзую ҳавас ва умеди барпо кардани оила барои овардани арӯсаш мерафт, номурод аз дори дунё рафт.

Худо раҳматаш кунад!

Talabshoh Talbiev

Туйи домодию аруси чихурсандие набуд,ки падару модар ва дигарон интизори арус буданд ногох овозае омад ки мешини домод дар рох ба садама дучор шуд маълум шуд ки 1 нафар бахалокат расиданд ва 2нафаридигар дар беморхона дар холати вазнин карор дорад .Вокеа дар Пилдони нохияи Лахш (Чиргатол) шудаст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button