ВидеоТоҷикистон

ЛИМИТ БАРГАШТ! ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН. 5 ЯНВАРИ СОЛИ 2020

Дуруд, тамошобинони азиз.

Хулосаи муҳимтарин хабарҳои рӯзи 5 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон тақдим мекунем. Дар ин барнома:

“БАРҚИ ТОҶИК”: ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН ЛИМИТИ БАРҚ ҶОРӢ МЕШАВАД

СОКИНИ 87-СОЛАИ ДЕҲАИ ГУЛБУТТА БАРОИ КУМАК БА АЪЗОИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ БА 5 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

СОКИНИ 24-СОЛАИ НУРОБОД, КИ ДАР РӮЗИ ТӮЯШ ДУЧОРИ САДАМА ШУД, ҶОН ДОДААСТ

СИТОРАИ РУС АНАСТАСИЯ ВОЛОЧКОВА АКСИ ХИДМАТГОРИ ТОҶИКАШ ЛОЛАРО НАШР КАРД

ВАЗОРАТИ ХОРИҶА ГУФТ, НАРХИ ШИНОСНОМАҲО ГАРОН НАШУДААСТ

ДАР САМАРҚАНД ЯК РАҚАМИ МОШИНРО 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТААНД!

ЯК ДУХТАРИ ТОҶИК БАКОРАТАШРО БО НАРХИ 10 ҲАЗОР ДОЛЛАР БА ФУРӮШ ГУЗОШТААСТ

НАХУСТИН ПАРВОЗ БАЙНИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ БАЪДИ 10 МОҲИ ТАНАФФУС

Ва акнун тафсили хабарҳои рӯз:

Ширкати “Барқи Тоҷик” шоми 5 январ дар як муроҷиатнома тасдиқ кард, ки дар Тоҷикистон аз шаби 5 январ расман лимити барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин ширкат бо изҳори нигаронӣ аз 4 метр паст шудани сатҳи об дар обанбори нирӯгоҳи Норак дар муқоиса ба як соли пеш вазъиятро ҷиддӣ унвон кард ва гуфт: Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об  ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар   кишвар  –  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият  аз  рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз  пурра сарф  шудани захираҳои об мебошад.»

«Барқи Тоҷик» дар мавриди инки лимит то кай давом мекунад?, ягон санаи мушаххасеро нагуфт. Дар муроҷиатномаи ширкат танҳо гуфта мешавад, ки «дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон,  зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи  оби обанбори  “Норак” имкони бекор кардани  маҳдудият ба назар гирифта шудааст.

Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар айни авҷи сардии дар дастикам 12 соли охир бесобиқа қарор дошта, бино ба пешбинии ҳавошиносон, ин ҳавои сард то охири ҳафтаи ҷорӣ боқӣ мемонад.

Мушкили таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ дар тирамоҳ ва аввали зимистон низ мушоҳида мешуд. Аз моҳи октябр то 10 декабр аксари манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ доштанд. Ширкати “Барқи Тоҷик” моҳи декабр барои нороҳатиҳое, ки камбуди нирӯи барқ барои зиндагии мардум эҷод кард, аз аҳолӣ узр хост, вале ҳушдор дод, ки танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавонанд таъмини бекамукости барқ ба аҳолиро кафолат бидиҳанд.

xxxxxxx

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як узви пешин ва солманди ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар ҳоле ки мурофиа “пӯшида” гузаштааст ва масъулони додгоҳ шарҳе намедиҳанд, пайвандонаш иддао доранд, ки “Дониёр Набиеви 87-сола барои расондани ёрии молӣ ба наздикони зиндонии ҲНИТ гунаҳкор шуд”. Набиев дар гузашта масъули комиссияи тафтишотиии ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Ҳукми ӯро 28-уми декабри соли 2020 паси дарҳои баста эълон кардаанд. Маҳмадӣ Тешаев, раиси пешини шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Рудакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои дарёфтии ӯ, Дониёр Набиев (Бобои Дона)-ро моҳи сентябри соли гузашта дар хонааш (деҳаи Гулбуттаи ҷамоати Чимтеппа) дастгир кардаанд. Мақомот дар бораи боздошти ӯ ва ҳукмаш расман хабар надоданд. “Бобои Дона дар рӯзҳои ид барои хонаводаҳои маҳбусони ҳизб гӯшту мева ва дигар анвои хӯрданӣ мебурд. Барои ҳамин боздошт ва маҳкум шуд”, — гуфтааст Тешаев.

хххххх

Мустафо Раҳмадзода, сокини 24-солаи ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод, ки рӯзи 6 декабр, дар рӯзи тӯйи домодиаш дар роҳ ба хонаи арӯсаш дар роҳи Тоҷикобод – Пилдон дучори садама шуд, ахиран дар бемористон ҷон додааст. Дар ин бора журналист Шаҳло Наҷмиддинова хабар дод.

Мошини “Киа”, ки Мустафо Раҳмадзода дар он барои овардани арӯсаш ба ҷамоати Пилдони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) мерафт, субҳи 6 декабри соли 2020, тахминан соати 10, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Лахш, дар ҳудуди ҷамоати Пилдон, ба ҷарии умқаш ҳудуди 200 метр чаппа шуд.

Дар натиҷаи садама, ронандаи мошин – аммаи домод Ҳотамова Аҳлинисо Ҳотамовна, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Сари-киштии ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи мошин – амакбачаи домод Ҳотамов Дилшод Саймуродович, соли таваллудаш 1978, сокини ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, дар бемористон ҷон бохта буд.

Худи домод Раҳмадзода Мустафо Раҷаб, соли таваллудаш 1996,  бо ҷароҳатҳои вазнин, дар беморхона бистарӣ карда шуд, вале табибон натавонистаанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Мустафо ва Дилшод дар шаҳри Челябински Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд ва ба Тоҷикистон барои гузарондани тӯйи Мустафо баргашта буданд.
xxxxxx

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 5 январ гуфт, нархи шиносномаҳои биометрии хориҷӣ гарон нашудааст ва бетағйир, яъне 75 доллар боқӣ мондааст. Хадамоти матбуоти ин вазорат гуфт, танҳо нархи боҷи давлатӣ аз 87 ба 90 сомонӣ боло рафтааст.

Шиносномаҳои биометрии Тоҷикистон яке аз гаронбаҳотарин шиносномаҳо дар паҳнои Шӯравии собиқ ба шумор мераванд.

Ин шиносномаҳо дар муддати 15 рӯз тайёр карда мешаванд. Агар шаҳрвандон шиносномаро зудтар гирифтан хоҳанд, барои дар зарфи як ҳафта тайёр шуданаш, бояд 150 доллар ва барои дар 3 рӯз тайёр шуданаш 225 доллар пардохт кунанд.

хххххх

Раққосаи машҳури балет Анастасия Волочкова хабар дод, ки рӯзи 4 январ зодрӯзи 30-юми хидматгораш аз Тоҷикистон Лоларо таҷлил кардаанд.

Зодрӯзи Лола бо номрӯз (именины)-и Волочкова тавъам уфтодааст ва ҳарду ба якдигар туҳфа додаанд. Волочкова ба Лола як дастагули зебо ва шоколад туҳфа кардааст. Лола ба навбати худ корфармояшро бо як дастагули садбарги сафед ба номрӯзаш табрик гуфтааст.

Номи аслии хидматгори Волочкова Ҳилола будааст, вале дар хонаи ситораи рус ӯро Лола ном мебаранд. Анастасия Волочкова дар саҳифааш дар Инстаграм, ки 1,2 миллион обуначӣ дорад, акси муштаракаш бо хидматгорашро дар рӯи зинапояҳои қасри пуршукуҳаш дар берун аз Масаав дар пасманзари як арчаи зебои солинавӣ нашр кард. Дар зери ин акс дар байни ҳамагӣ чанд соат дар Инстаграм қариб 10 ҳазор нафар тугмаи лайкро пахш кардаанд.

Волочкова навиштааст, ки Лола 5 сол боз дар хонаи ӯ кор мекунад ва дар  ин муддат ба як узви оилаи онҳо табдил ёфтааст. «Ин як одами наҷиб аст. Мо 5 сол боз ҳамроҳем. Алакай се кӯдаки ӯ дар ҳамин хонаи мо ба дунё омаданд. Ва мо бо ҳам дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ ба сар мебарем», — навиштааст Волочкова дар бораи хидматгораш аз Тоҷикистон.

хххххх

Дар Самарқанд дар музоядаи рақамҳои мошинҳо як рақами мошинро бо нархи рекордии 596, 5 миллион сӯм (ҳудуди 57 ҳазор доллар) фурӯхтаанд. Соҳиби ин рақами 30 Z 777 ZZ бо коди вилояти Самарқанд (02) бояд 29 миллион сӯм (ҳудуди 2800 доллар) боҷи давлатӣ низ бисупорад.  Ин гаронбаҳотарин рақами мошин аст, ки соли 2021 дар Ӯзбекистон тавассути музояда фурӯхта шуд.

Ин рақамро рӯзи 14 декабри соли 2020 дар музояда бо нархи ибтидоии 111,5 миллион сӯм (наздики 11 ҳазор доллар) ба фурӯш гузоштанд, вале як сокини Самарқанд нархи онро то қариби 600 миллион доллар «хезондааст».

Бино ба иттилои Биржаи молу ашёи хоми Ӯзбекистон, то фурӯши ин рақам нархи аз ҳама баланди рақамҳои фурӯхташуда дар ин кишвар дар соли гузашта 206,7 миллион сӯм (наздики 20 ҳазор доллар) буд. Дар умум, соли 2020 дар Ӯзбекистон тавассути музоядаҳо беш аз 106 ҳазор рақам ба маблаҳи 262,6 миллиард сӯм (25 миллион доллар) ба фурӯш рафтааст.

хххххх

Як духтари 23-солаи тоҷик аз шаҳри Душанбе бакорати худро дар музоядаи байналмилалии онлайн бо нархи 10 ҳазор доллар ба фурӯш гузоштааст. Cомонаи “Шаби аввал” ауксион ва ё майдони музоядаҳои онлайнии фурӯши бакорат аст. Дар ин пойгоҳ садҳо духтари бокира аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон “ҳуқуқи шаби аввал”-ро ба фурӯш мегузоранд. Ин пойгоҳ ахиран эълони як духтари тоҷикро ба нашр расонд, ки гуфтааст, мехоҳад бакораташро фурӯшад. Дар шарҳи эълони ӯ навиштаанд, “мехоҳам марди сарватмандеро пайдо кунам ва дар оянда зани хубе барои ӯ шавам. Ман духтари гапдаро, меҳрубон ва хуб ҳастам.” Духтар миллати худро тоҷик ва аз шаҳри Душанбе муаррифӣ карда, навиштааст 23-сола аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар пойгоҳи “Шаби аввал” бо духтар мукотибаи кӯтоҳ дошт. Ӯ гуфт, оилаашон дар вазъи душвори молиявӣ асту қарздоранд ва “аз ин роҳ мехоҳам оилаамонро аз қарз раҳо кунам”.

xxxxxx

Рӯзи 5 январ баъди қариб 10 моҳи танаффус байни Тошканду Душанбе нахустин парвоз анҷом шуд. Ҳавопаймои ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Uzbekistan Airways” (“Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”) соати 10:30 бо 65 мусофир дар фурудгоҳи Душанбе нишаст ва соати 12 бо ҳудуди 100 мусофир ба Тошканд баргашт. Нархи парвозҳо  ба як тараф 162,5 доллар (барои бизнес-класс – 225,5 доллар) муқарррар шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, байни ду кишвар дар мавриди танҳо як парвози чартерӣ тавофуқ шуда буд ва ҳоло масъалаи анҷоми парвозҳои дигар матраҳ нест.

Парвозҳо байни Тошканду Душанбе рӯзи 16 марти соли 2020, дар пайи ошкор шудани нахустин ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон мутаваққиф карда шуданд. Дар тирамоҳи гузашта хабарҳое нашр шуд, ки парвозҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз 1 ноябр аз сар гирифта мешаванд, вале дар охирин лаҳза ин кор то соли нав ба таъхир гузошта шуд.

Бар асоси қарори комиссияи мубориза бо коронавируси ҳукумати Ӯзбекистон, аз 25 декабр ҳар нафаре, ки вориди қаламрави ин кишвар мешавад, бояд аз ҳисоби худаш аз коронавирус экспресс-тест супорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button