ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ ШАБИ 5 БА 6 ЯНВАР ЛИМИТИ БАРҚ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД. ИН ДАФЪА – РАСМАН
Шаби 5 ба 6 январ дар Тоҷикистон дигарбора ва ин дафъа расман лимити нирӯи барқ ҷорӣ карда мешавад ва аз соати 23 то шаши субҳ дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон интиқоли нирӯи барқ ба сокинон қатъ карда мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба “Азия–Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, сабаби ҷорӣ кардани лимит дар муқоиса бо соли гузашт 4 метр пойинтар шудани сатҳи об дар обанбори нирӯгоҳи Норак будааст. Ӯ нагуфтааст, ки лимити барқ то кай давом мекунад.
Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар айни авҷи сардии дар дастикам 12 соли охир бесобиқа қарор дошта, бино ба пешбинии ҳавошиносон, ин ҳавои сард то охири ҳафтаи ҷорӣ боқӣ мемонад.
Мушкили таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ дар тирамоҳ ва аввали зимистон низ мушоҳида мешуд. Аз моҳи октябр то 10 декабр аксари манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ доштанд. Ширкати “Барқи Тоҷик” моҳи декабр барои нороҳатиҳое, ки камбуди нирӯи барқ барои зиндагии мардум эҷод кард, аз аҳолӣ узр хост, вале ҳушдор дод, ки танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавонанд таъмини бекамукости барқ ба аҳолиро кафолат бидиҳанд.
Барои назорати истифодаи сарфакоронаи барқ таҳти роҳбарии ВКД як ситоди вижа низ таъсис ёфт. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми солинавиаш таъкид карда буд, ки «агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Лимити барқ бозгашт. Ин бор расман
Муаллиф: Аваз Юлдошев, Asia–Plus
Аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ дар аксари манотиқи Тоҷикистон барқ қатъ карда мешавад.
Сар аз соати 23-и рӯзи 5-уми январ дар деҳоти Тоҷикистон лимити барқ ё реҷаи додани он ҷорӣ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба “Азия–Плюс” хабар дод.
Аз соати 23 то 6-и субҳ ба хонаводаи аксари аҳолии Тоҷикистон барқ дода намешавад.
Бино ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бар пояи кам шудани сатҳи оби обанбори НБО Норак гирифта шудааст, ки айни ҳол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4 метр поинтар будааст.
Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани хунукиҳои сибирӣ ба кишвар дар давоми ин ҳафта хабар медиҳад.
То чӣ вақт ин реҷаи додани барқ давом мекунад манбаъ хабар надод. Ҳамчунин манбаъ нагуфт, ки ин реҷаи додани барқ кадом шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.
Вале ин манбаъ ба “Азия-Плюс” бо бовари қатъӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя барқ содирот намекунад.
Тирамоҳи имсол то 10-уми декабр сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз он шикоят мекарданд, ки дар хонаҳояшон қувваи барқ барои соатҳои дароз қатъ мешаванд ва онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4-6 соат барқ доранду халос. Аммо ширкати “Барқи тоҷик” вуҷди лимити барқро дар кишвар инкор мекард ва мегуфт, ки ин ба корҳои таъмиру пешгирӣ дар шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо рабт дорад, ки имсол бар асари коронавирус дертар оғоз шуданд.
Аз 10-уми декабр ба ин сӯ тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар ба барқи доимӣ таъмин шуданд. Вале он замон бархе аз коршиносони захираҳои обиву энержӣ ба андозае басанда нестанд, ки барқи доимӣ то баҳор таъмин шавад ва эҳтимоли ҷорӣ шудани лимитро тахмин мезаданд.
Имсол камбуди барқ ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кард, ки барои сарфакорона аз ҳисоби ниҳодҳои давлатӣ Ситоди вижа таъсис бидиҳад ва ин ниҳод ба санҷиши истифодаи дурусти барқ дар кишвар масъул шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳам дар паёми табрикии солинавияш аз сокинони кишвар талаб кард:
«Агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».