ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ДАР САМАРҚАНД ЯК РАҚАМИ МОШИНРО 60 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТААНД! (ВИДЕО)

Дар Самарқанд дар музоядаи рақамҳои мошинҳо як рақами мошинро бо нархи рекордии 596, 5 миллион сӯм (ҳудуди 57 ҳазор доллар) фурӯхтаанд. Соҳиби ин рақами 30 Z 777 ZZ бо коди вилояти Самарқанд (02) бояд 29 миллион сӯм (ҳудуди 2800 доллар) боҷи давлатӣ низ бисупорад, – хабар додааст сомонаи Сentralasian.org.  Ин гаронбаҳотарин рақами мошин аст, ки соли 2021 дар Ӯзбекистон тавассути музояда фурӯхта шуд.

Ин рақамро рӯзи 14 декабри соли 2020 дар музояда бо нархи ибтидоии 111,5 миллион сӯм (наздики 11 ҳазор доллар) ба фурӯш гузоштанд, вале як сокини Самарқанд нархи онро то қариби 600 миллион доллар «хезондааст».

Бино ба иттилои Биржаи молу ашёи хоми Ӯзбекистон, то фурӯши ин рақам нархи аз ҳама баланди рақамҳои фурӯхташуда дар ин кишвар дар соли гузашта 206,7 миллион сӯм (наздики 20 ҳазор доллар) буд. Дар умум, соли 2020 дар Ӯзбекистон тавассути музоядаҳо беш аз 106 ҳазор рақам ба маблаҳи 262,6 миллиард сӯм (25 миллион доллар) ба фурӯш рафтааст.

Баъди нашри хабари бо нархи қариб 600 миллион сӯм фурӯхта шудани як рақами мошин ба як сокини Самарқанд, Аҳад Қаюм, шоир ва коргардони зодаи Самарқанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кард, ки ин рақамро бо чунин нарх ӯ харидааст. Вале мақомот гуфтаанд, ки «ин рақамро дар ҳақиқат як сокини Самарқанд харид, вале ӯ дақиқан Аҳад Қаюм ном надорад.» Дар биржаи Самарқанд гуфтаанд, ки бидуни иҷозаташ ҳаққи ифшои номи нафареро, ки барои як рақам 600 миллион сӯм додааст, надоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button