Минтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ ПАДАРУ ДУ ПИСАР АЗ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ЛИТВА

Хадамоти марзбонии Литва хабар дод, ки рӯзи 4 январ дар марзи ин кишвар бо Беларус се шаҳрванди Тоҷикистон – падар ва ду писараш – барои сарҳадшиканӣ дастгир шуданд. Ҳарсе билофосила дар пайи боздошт шуданашон аз Литва паноҳгоҳ хостаанд. Марзбонҳо ба ин далел ҳарсе шарванди Тоҷикистонро ба маркази нигоҳдории паноҳҷӯён дар шаҳри сарҳадии Шалчининкай интиқол додаанд.

Хадамоти марзбонии Литва дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод, ки рӯзи 4 январ марзбонҳои литвонӣ се марзшиканро дар наздикии деҳаи Аладискияй дар ноҳияи  Варенос замоне мушоҳида кардаанд, ки онҳо мехостанд тавассути ҷангалзор марзи Беларус бо Литваро убур кунанд. Марзбонҳо бо ёрии овчаркаи немисӣ бо лақаби Астра сарҳадшиканҳоро пайгирӣ карда, дар назди деҳаи Дугидониси ноҳияи Шалчининкай дастгирашон кардаанд.

«Як мард ва ду наврас бо русӣ як каме суҳбат мекарданд. Онҳо худро шаҳрвандони Тоҷикистон ва падару ду писар муаррифӣ карданд. Онҳо дар даст нусхаи шиносномаҳои миллиашонро доштанд. Ин хориҷиён аз Литва паноҳгоҳ пурсиданд. Марзбонҳо онҳоро ба нуқтаи марзбонии Шалчининкай, ки онҷо макони махсус барои паноҳҷӯён вуҷуд дорад, супурданд. Намояндагони бахши муҳоҷирати воҳиди сарҳадии Варенос аввалин иқдомҳо барои баррасии масъалаи паноҳандагии ин се нафарро рӯи даст гирифтаанд», – гуфта мешавад дар иттилоияи Хадамоти марзбонии Литва.

Паноҳҷӯёни тоҷик аз коронавирус ташхис супурдаанд ва масъалаи дар куҷо ҷой кардани онҳо баъди маълум шудани натиҷаҳои ташхисашон муайян карда мешавад.

Дар солҳои охир садҳо зодаи Тоҷикистон аз Литва дархости паноҳгоҳ кардаанд. Бахши аъзами онҳо тарафдорони созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи «Гуруҳи 24» ва ҲНИТ ва қисме пайравони ҷараёни мазҳабии низ дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия мебошанд. Вале дар байни паноҳҷӯён аз Тоҷикистон онҳое ҳам зиёданд, ки ба далелҳои иқтисодӣ ва дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо паноҳгоҳ мепурсанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button