ИқтисодТоҷикистон

“БАРҚИ ТОҶИК”: ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН ЛИМИТИ БАРҚ ҶОРӢ МЕШАВАД

Ширкати “Барқи Тоҷик” шоми 5 январ дар як муроҷиатнома тасдиқ кард, ки дар Тоҷикистон аз шаби 5 январ расман лимити барқ ҷорӣ карда мешавад. Ин ширкат бо изҳори нигаронӣ аз 4 метр паст шудани сатҳи об дар обанбори нирӯгоҳи Норак дар муқоиса ба як соли пеш вазъиятро ҷиддӣ унвон кард ва гуфт: Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об  ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар   кишвар  –  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият  аз  рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз  пурра сарф  шудани захираҳои об мебошад.»

«Барқи Тоҷик» дар мавриди инки лимит то кай давом мекунад?, ягон санаи мушаххасеро нагуфт. Дар муроҷиатномаи ширкат танҳо гуфта мешавад, ки «дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон,  зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи  оби обанбори  “Норак” имкони бекор кардани  маҳдудият ба назар гирифта шудааст.

Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар айни авҷи сардии дар дастикам 12 соли охир бесобиқа қарор дошта, бино ба пешбинии ҳавошиносон, ин ҳавои сард то охири ҳафтаи ҷорӣ боқӣ мемонад.

Мушкили таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ дар тирамоҳ ва аввали зимистон низ мушоҳида мешуд. Аз моҳи октябр то 10 декабр аксари манотиқи кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ доштанд. Ширкати “Барқи Тоҷик” моҳи декабр барои нороҳатиҳое, ки камбуди нирӯи барқ барои зиндагии мардум эҷод кард, аз аҳолӣ узр хост, вале ҳушдор дод, ки танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавонанд таъмини бекамукости барқ ба аҳолиро кафолат бидиҳанд.

Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Дар  мамлакати   мо  манбаи  асосии  истеҳсоли нерӯи  барқ  оби  дарёҳо  ба  ҳисоб  рафта,  ҳамасола ҳаҷми  истеҳсоли  он аз рӯи  захираҳои  об дар  аввали  сол  ба  нақша  гирифта  мешавад.  Ин  дар ҳоле,  ки  захира  кардани  об дар  обанборҳо    дар  фасли баҳор оғоз гардида, дар фасли тобистон ба   анҷом мерасад.  Маҷрои  оби  дарёҳо ва  вобаста  ба  он захира намудани об дар обанборҳо  ба  тағйирёбии  иқлим, шароити  обу  ҳаво  ва  омилҳои  дигари  табиӣ  алоқамандии бевосита  дошта,  пешгӯии  ҳолат ва сатҳи  оби  дарёҳо  хеле душвор мебошад.

Тавре ки  қаблан  ба  шумо   иттилоъ дода  будем, маҳз бо  таъсири  омилҳои зикршуда,  яъне  камшавии  захираҳои об  дар ҳавзаи  ташаккулёбии дарёи Вахш  дар  соли  сипаришуда  ба  нақшаи   таъмини  соҳаҳои    иқтисодӣ  ва  иҷтимоии   мамлакат бо  нерӯи барқ  мушкилоти  зиёд   овард. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Муроҷиатнома  ба мардуми Тоҷикистон” сокинони мамлакатро ба яке  аз  роҳҳои  асосии  ҳалли  мушкилоти  баамаломада – сарфакории нерӯи барқ даъват намуд.

Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” низ ҷиҳати қонеъ гардонидани   талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти миллӣ ба барқ  як қатор чораҳои таъҷилӣ андешида шуданд. Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда  интиқоли неруи барқ ба кишварҳои ҳамсоя қатъ карда шуд.

Бо  сабаби   сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ  пешбинӣ шудани  сардиҳои имсола,  хавфи нарасидани  захираи об то охири зимистон дар обанбори Неругоҳи барқи обии “Норак” пеш  омадааст. Ҳоло  сатҳи обанбори  Неругоҳи барқи обии  “Норак” дар  муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта  чор  метр паст аст.

Дар Тоҷикистон  дар солҳои соҳибистиқлолӣ  иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва  як силсила нерӯгоҳҳои мавҷуда  таҷдиду навсозӣ карда шуданд.   Вале захираи об дар кишвари мо  то ҳанӯз фақат  ҳамин обанбори  нерӯгоҳи  барқи обии “Норак” мебошад. Илова бар ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки он бо муваффақият фаъолият дорад ва ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” муназзам кор карда истодаанд. Вале дар баробари ин талабот ба барқ дар мамлакат  сол то сол меафзояд.

Ҳамватанони муҳтарам!

Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об  ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар   кишвар  –  дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият  аз  рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23-00 шаб то соати 06-00 субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз  пурра сарф  шудани захираҳои об  буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон,  зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи  оби обанбори  “Норак” имкони бекор кардани  маҳдудият ба назар гирифта шудааст.

Ҳамватанони азиз!

Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳеҷ гоҳ хоҳишманди  маҳдуд кардани интиқоли барқ ва бебарқ гузоштани  мардум нест. Вале имрӯз вазъият ҳаминро тақозо менамояд.

Аз ҳамаи муштариён хоҳиш менамоем, ки дар ин  вазъият низ   дар  ҷои  кор  ва   дар  манзилҳои  истиқоматии  худ аз  барқ сарфакорона истифода баранд ва дар бобати таъмини бештари кишвар бо нерӯи барқ саҳми худро  гузоранд.

 Ширкати “Барқи Тоҷик”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button