Хабарҳои кӯтоҳ

АХБОРИ КРИМИНАЛИИ РӮЗИ 5 ЯНВАР

Ду ҷавони 18 ва 23-сола ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 12 ба 14 декабр аз манзили як сокини Бохтар ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ пулу молу ӯро дуздидаанд.

Ду сокини Ҷайҳун ба 7 ҳолати дуздии чорво, насоси обкашӣ ва ва дигар моли мардум ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ гумонбар мешаванд.

Як зани 34-сола барои ташкили фоҳишахона дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт боздошт шуд.

Интиқоли барқро ба ошхонаи “Нафиса” дар кӯчаи Н.Қаробоеви ш. Душанбе қатъ карда, соҳибашро барои исрофи барқ ҷарима бастаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Гумонбарони дуздии моликияти шаҳрвандон дастгир шуданд

Бо ворид шудани муроҷиату аризаҳои шаҳрвандон ба ШВКД дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷайҳун оиди аз тарафи шахсони номаълум, аз манзилҳои истиқоматиашон дуздида шудани маблағҳои пулӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ, ашёҳои рӯзгор ва чорвоҳои хурду калон, бо таъсис додани гурӯҳҳои фавриву ҷустуҷӯӣ, сари вакт пайгирӣ намудани ҷинояткорон ва баррасии ин ҳолатҳо, масъулияти кормандони шуъбаҳоро дучанд кард.

Зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳо ва фаъолияти хубу хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия имкон дод, то ҷиноятҳо ошкор ва гумонбарон дастгир карда шаванд.
Чунончи як нафар сокини шаҳри Бохтар ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат намуд, ки шахсони номаълум шаби 12 ба 13 декабри соли 2020 вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз фурсати барояшон муносиб, ҳангоми хоб будани соҳибхона, сандуқи оҳанин (сейфро), ки дар дохили он маблағҳои пулӣ, ҷавоҳироти тиллоию нуқрагӣ, либосҳои мардона, ҳуҷҷату шиносномаҳо мавҷуд буданд, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд, ки ба ҷабрдида ба маблағи 160 000 сомонӣ зарари калон расонидаанд.
Кормандони милитсия 2 нафар аз сокинони шаҳри Бохтарро ҳамчун гумонбар дастгир намуданд.
Инҳо Азимов Исфандиёр, соли таваллудаш 1999, пеш ду маротиба бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Одинаев Давлатбек, соли таваллудаш 2002, ки бо маслиҳати пешакӣ, тариқи пинҳонӣ даст ба дуздии моликияти Ғафуров С. задаанд, ки бо ин кирдори қасдонаашон ба ҷабрдида зарари махсусан калон расонидаанд.
Ду нафар аз сокинони ноҳияи Ҷайҳунро низ бо гумони дуздии чорвоҳои майдаву калони сокинони ноҳияи мазкур кормандони милитсия боздошт намуданд.
Инҳо Ҳабибуллоев Маҳмадғаюр, соли таваллудаш 1988 ва Нариддинов Қиёмуддин, соли таваллудаш 1984 мебошанд.
Чунончи барои расидан ба мақсадҳои чинояткоронаи худ ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ шабона ғайриқонунӣ вориди чарогоҳҳо ва манзилҳои зисти нафароне, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ мекарданду хешони наздикашон ба шумор мераванд, чорвоҳои хурду майдаи мардумро дуздида, аз ҷои ҳодиса ба макони ба худашон мувофиқ интиқол медиҳанд.
Инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинони ноҳияи мазкур насосҳои обкашии барқиро низ тасарруф намудаанд ва маблағи бо роҳи дуздӣ ба дастовардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф карданд.
Ин ду нафар дар 7 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаашон 40 000 сомониро ташкил медиҳад.
Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён

Боздошти зани 34-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт ба марди 36 ва зани 29-солаи сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Инчунин номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, ба марди 34 ва зани 27-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза зани 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2017, зани 67-солаи сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми январи соли 2020, зани 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз у 1-адад автомашинаи тамғаи «Лексус»-ро ба маблағи 93 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 14-рӯз маблағашро бармегардонад.
Номбурда автомашинаи мазкурро ба дигар шахс ба маблағи 74 ҳазор сомонӣ фурӯхта маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2015, зани 31-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз назди бозори «Меҳргон» хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо маблағи гирифтаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ошкори истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхона

Кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар пешгирии истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ ва тасарруфи он нақши арзанда дошта, пайваста дар ин самт чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд. Имрӯз низ дар рафти чунин чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ далелҳои истифодаи беҳудаву барзиёди неруи барқ дар ошхонаи “Нафиса”, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев 92/1-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, мутаалиқ ба Балаҷон Гадоев ошкор карда шуд.
Дар ҷараёни санҷиши мазкур ошкор гардид, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ аз тарафи Рустам ном корманди ошхона дар танӯр аз спирали баландшиддати барқӣ истифода карда мешуд. Ба замми масрафшавии барзиёди неруи барқ дар ошхонаи “Нафиса” ҳамчунин талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ риоя нагардида, дар аксар қитъаҳо танзими кабелу ноқилҳои барқӣ ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуданд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳолати ба амал омадани сӯхтор дар ошхонаи мазкур, хавфи бевоситаи паҳншавии оташ ба бинои истиқоматии 4-ошёнаи дар шафаташ буда, таҳдид мекунад. Илова бар ин, корманди ошхона Дилафрӯз Набиева низ барои омода намудани самбӯса аз спиралҳои баландшиддат ва лампаҳои тафсон озодона истифода мебурд. Дар нуқтаи омода намудани сихкабоби ошхона низ ҳолатҳои масрафшавии беҳудаи барқ ҷой дошта, хатҳои интиқоли барқ тавассути дарахтон бетартибона кашида шудаанд. Дар баробари қоидавайронкуниҳои ҷойдошта, соҳибкори ошхона Балаҷон Гадоев аз ҳаққи истифодаи неруи барқ ба маблағи 4467 сомонӣ аз давлат қарздор мебошад. Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта, аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии отшанишонӣ ва кормандони шабакаҳои барқ санадҳои дахлдор тартиб дода шуданд. Ҳамчунин нисбати соҳибкор ҷарима татбиқ карда шуда, интиқоли неруи барқ қатъ гардонида шуд.
Қобили қайд аст, ки пас аз муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сарфакории неруи барқ дар фасли сармо, кулли мардуми ҷумҳурӣ ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ пардохта, кӯшиш менамоянд, ки дар сарфакории неруи барқ саҳми худро гузоранд. Вале, мутаассифона баъзе аз соҳибкорон дидаву дониста, манфиатҳои худро аз манфиатҳои давлату миллат боло дониста, бар хилофи он амал мекунанд.
Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб кормандони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он фаъолияти худро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамин гуна чорабиниҳои мақсаднок доир намуда истодаанд.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button