Дин ва боварҳоСиёсат

5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ МӮСАФЕДИ 87-СОЛА БАРОИ КУМАК БА АЪЗОИ ҲНИТ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як узви пешин ва солманди ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст. Дар ҳоле ки мурофиа “пӯшида” гузаштааст ва масъулони додгоҳ шарҳе намедиҳанд, пайвандонаш иддао доранд, ки “Дониёр Набиеви 87-сола барои расондани ёрии молӣ ба наздикони зиндонии ҲНИТ гунаҳкор шуд”. Набиев дар гузашта масъули комиссияи тафтишотиии ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд. Ҳукми ӯро 28-уми декабри соли 2020 паси дарҳои баста эълон кардаанд. Маҳмадӣ Тешаев, раиси пешини шуъбаи ҲНИТ дар ноҳияи Рудакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ба иттилои дарёфтии ӯ, Дониёр Набиев (Бобои Дона)-ро моҳи сентябри соли гузашта дар хонааш (деҳаи Гулбуттаи ҷамоати Чимтеппа) дастгир кардаанд. Мақомот дар бораи боздошти ӯ ва ҳукмаш расман хабар надоданд. “Бобои Дона дар рӯзҳои ид барои хонаводаҳои маҳбусони ҳизб гӯшту мева ва дигар анвои хӯрданӣ мебурд. Барои ҳамин боздошт ва маҳкум шуд”, — гуфтааст Тешаев.

Қазияи Дониёр Набиев. Додгоҳе дар Душанбе марди 87-соларо ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як узви пешин ва солманди ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст.

Дар ҳоле ки мурофиа “пӯшида” гузаштааст ва масъулони додгоҳ шарҳе намедиҳанд, пайвандонаш иддао доранд, ки “Дониёр Набиеви 87-сола барои расондани ёрии молӣ ба наздикони зиндонии ҲНИТ гунаҳкор шуд”.

Мурофиаи паси дарҳои баста?

Саидисҳоқ Бобоев, яке аз наздикони Дониёр Набиев, рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми ӯро 28-уми декабри соли 2020 паси дарҳои баста эълон кардаанд. Вай афзуд, Набиев дар гузашта масъули комиссияи тафтишотиии ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ буд.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ маҳкум шудани Дониёр Набиевро тасдиқ кард, аммо бо далели он ки “мурофиа пӯшида гузашт”, шарҳе надод.

Маҳмадӣ Тешаев, раиси пешини шуъбаи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рудакӣ, гуфт, ба иттилои дарёфтии ӯ Дониёр Набиев (Бобои Дона)-ро моҳи сентябри соли гузашта дар хонааш (деҳаи Гулбуттаи ҷамоати Чимтеппа) дастгир кардаанд. Мақомот дар бораи боздошти ӯ ва ҳукмаш расман хабар надоданд.

“Бобои Дона дар рӯзҳои ид барои хонаводаҳои маҳбусони ҳизб гӯшту мева ва дигар анвои хӯрданӣ мебурд. Барои ҳамин боздошт ва маҳкум шуд”, — иддао кард Тешаев. Ба сабаби он ки парванда махфист, маълум нест, расман ӯро бар асоси кадом моддаи қонуни ҷиноӣ муттаҳам ва маҳкум кардаанд.

Ҳукми Ҷалолиддини Маҳмуд ҳам эълон шудааст

Тайи моҳҳои охир бори чандум аст, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аъзои собиқ ва шахсони наздик ба ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ба зиндон маҳкум мекунад. Ҳамин додгоҳ чанде пеш Ҷалолиддин Маҳмудро, ки як сол қабл аз зиндон озод шуда буд, дубора шашуним сол зиндонӣ кард.

Як мусоҳиби мо дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 4-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷалолиддини Маҳмудро бар асоси моддаи “бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” маҳкум карда, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбаси “Ваҳдат” бурдаанд.

Яке аз пайвандони Ҷалолиддини Маҳмуд гуфт, дар рӯзи эълони ҳукм дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳузур доштанд: “Вақте ҳукмашро хонданд, хомӯш буд ва дар даруни панҷара менишасту ҳарфе намезад.”

Ҷалолиддини Маҳмуд бори аввал дар моҳи июли соли 2015 бо гуноҳи “ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ” ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд. Соли 2019 тибқи қонуни афв озод гашт.

Раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи назҳати исломӣ, ки дар хориҷ қарор доранд, дар пайи маҳкумияти чанде аз ёрони пешини худ дар изҳороте гуфтанд, “аксарияти аъзои ҲНИТ дар дохили кишвар барои ҳукумат ҳукми гаравгонро доранд. Ҳар вақт хостанд, онҳоро бо ҳар иттиҳоми дурӯғ ба хотири фишор ворид кардан ба ҳизб боздошт мекунанду аз онҳо бо шиканҷа эътироф мегиранд.”

Дар гузашта Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид парвандаи баъзе аз аъзои зиндонии ҲНИТ, аз ҷумла Маҳмадалии Ҳайитро беасос шумурда, ба озодии фаврии онҳо даъват карда буд.

Намояндагони мақомоти Тоҷикистон ҳамвора чунин иддаоро рад карда, гуфтаанд, ҷараёни баррасии парвандаҳои аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бар асоси қонунгузории кишвар сурат гирифтааст. Рустами Шоҳмурод, вазири пешини адлияи Тоҷикистон гуфта буд, “ҳамаи маҳбусон барои ҷинояти содиркардаи худ дар боздошт ҳастанд”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2015, баъди ба гуфтаи мақомот ошӯби нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ, Ҳизби наҳзати исломиро созмони террористӣ номид ва фаъолияташро қатъ кард. Раҳбарони ҳизб дар хориҷа ин иддаоро баҳонае барои бастани ташаккули сиёсӣ номиданд. Даҳҳо нафар аз аъзои фаъоли ҳизб дар хориҷ аз Тоҷикистон паноҳ бурда, даҳҳо нафари дигар дар дохили кишвар боздошту зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button