МАОШҲО ДАР ТОҶИКИСТОН: АЗ ҲАМА БАЛАНДТАР ДАР БОНКҲО -3598,3 СОМОНӢ, АЗ ҲАМА КАМ АЗ КИШОВАРЗОН – 623 СОМОНИЮ 76 ДИРАМ
Агентии омори ҳукумати Тоҷикистон охирин омори марбут ба ҳаҷми маошҳо дар ин кишварро нашр кард. Дар моҳи октябри соли 2020 маоши миёна дар Тоҷикистон ба 1 661 сомонию 21 дирам баробар шудааст, ки ин назар ба 1262 сомонию 82 дирами моҳи октябри соли 2019 ҳудуди 6,8% бештар мебошад.
Маоши аз ҳама баландтарин дар Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, аз кормандони бонкҳо ва идораҳои суғурта буда, 3598 сомонию 30 дирамро ташкил додааст. Як сол пеш – дар октябри соли 2019 – маоши ин қишри аҳолӣ дар Тоҷикистон 3417 сомонию 81 будааст.
Ҳамин тавр, маоши кормандони иттилоот ва алоқа – 2721.45 сомонӣ (2654,02), бахши истихроҷи маъдан – 2,631 (2515,21), сохтмон – 2,453.91 (2366,79), таъмини барқу газ – 2,326.55 (2233,67) сомонӣ маош доштаанд.
Дар соҳаи маориф дар октябри соли 2020 маоши миёнаи моҳона 1245 сомонию 14 дирамро ташкил додаааст, ки назар ба як соли пеш 16,8% зиёд гуфта мешавад. Маоши миёнаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат 22,4 фоиз афзуда, ба 1102,19 сомонӣ дирам баробар шудааст.
Вале маоши аз ҳама пасттарин дар бахши воқеии иқтисод дар октябри соли 2020 маоши коргарони соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳидорӣ буда, ҳамагӣ 623 сомонию 76 дирамро ташкил додааст. Як сол пеш маоши миёнаи ин қишри аҳолӣ дар Тоҷикистон боз ҳам камтар – ҳамагӣ 575 сомонию 71 дирам будааст.
Бино ба оморҳо, дар ҳоли ҳозир тақрибан сеяки аҳолии Тоҷикистон дар зери хатти фақр, яъне бо даромади рӯзонаи камтар аз як доллар ба ҳар сари узви оила зиндагӣ мекунанд. Пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодие, ки дар пайи он бархост, вазъи иқтисодии шумори боз ҳам бештари хонаводаҳоро дар Тоҷикистон тангтар кардааст. Бахусус оилаҳоеро, ки имсол нафарони қобили кори худро барои мардикорӣ ба Русия ва кишварҳои дигар фиристода натавонистанд.
Кӣ зиёд ва кӣ кам маош мегирад? – охирин додаҳои Агентии омор
Дар бахши воқеии иқтисод маоши миёнаи моҳона дар октябри 2020 ба 1 ҳазору 661,21 (соли 2019 – 1362,82) сомонӣ расид ва нисбат ба октябри соли гузашта 6,8 дарсад афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 02 янв — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, камтарин дастмузд дар бахши воқеии иқтисод дар октябри 2020 дар байни коргарони кишоварзӣ, ҷанглдорӣ ва моҳидорӣ буд – 623.76 сомонӣ (соли 2019 – 575,71).
Бештарин дастмузд дар ин бахш марбут ба истихроҷи маводи маъданӣ буд – 2,631 (2515,21), сохтмон – 2,453.91 (2366,79), таъмини барқ, газ, буғ ва ҳавои матбӯъ – 2,326.55 (2233,67), саноати коркард – 1804.67 (1686,88) ва дар таъмини об, тасфия, коркарди пасмонда ва тавлиди маводи сонавияии хом – 958.80 (929,87).
“Дар бахши хизматрасонӣ болотарин маош марбут ба кормандони миёнҷигарии молӣ ва бима – 3598.30 (3417,81), иттилоот ва алоқа – 2721.45 (2654,02), ҳамлу нақл ва захирасозии колоҳо – 1532.24 (1530,64) ва амалиёти молу мулки ғайриманқул – 1357.61 (1287,14) сомонӣ будааст.
Ба таври куллӣ, маоши миёнаи моҳёна дар бахши хизматрасонӣ дар октябри соли 2020 болиғ бар 1423.17 (1284,79) сомонӣ буда ва нисбат ба октябри соли гузашта 13.3 дарсад афзоиш доштааст”, – гуфтанд дар Агентии омор ба Sputnik Тоҷикистон
Дар соҳаи маориф дар октябри соли 2020 дастмузди миёнаи моҳона болиғ бар 1245.14 сомонӣ буда, нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2019 16.8 дарсад афзоиш доштааст. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат маоши ҳадди миёнаи моҳона 1102,19 сомонӣ ҳисоб шуда, бо муддати мушобеҳ дар соли 2019 22,4% зиёд аст.
Ҳадди номиналии дастмузди миёнаи моҳона, ки барои коргарони кироя интиқол ёфтааст, дар октябри соли 2020 дар ҳаҷми 1478,46 сомонӣ буда, дар қиёс бо сентябри соли равон 3,7% ва октябри соли 2019 11,4% афзудааст. Ҳадди ақалли маош дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Агентии омор, сатҳи маоши воқеӣ (бо назардошти тағйири индекси нархҳо) октябри соли 2020 дар қиёс бо с сентябри 2020 ба 1,8% ва октябри 2019 ба 2,7% афзоиш доштааст.