ВидеоҲодисаҶомеа

ИРЪОБ (ШАНТАЖ): БОЗДОШТИ МАЪШУҚИ ТАМАЪҶӮ БАРОИ ТАЛАБИ 500 ДОЛЛАР АЗ МАЪШУҚА

Як сокини 40-солаи Душанбе бо иттиҳоми бо роҳи иръоб (шантаж) тамаъ кардани 500 доллар аз маъшуқаи 39-солааш боздошт шудааст. ВКД мегӯяд, мард таҳдид кардааст, ки агар зан 500 доллар надиҳад, алоқаи байни онҳоро ба хешу табори зан ошкор кард, маълумоти бадномкунандаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн мекунад. Марди тамаъҷӯро дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллар аз маъшуқааш дастгир кардаанд.

Боздошти маъшуқи тамаъҷӯ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, бо зани 39-солаи сокини шаҳри мазкур рафту омади дӯстона дошта, бо роҳи иъроб (шантаж) таҳдид кардааст, ки дар ҳолати ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш расонида, ҳамзамон ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн мекунад.
Номбурда, дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button