ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЙГОҲИ “БОМДОД”. 4 ЯНВАРИ СОЛИ 2021

Дуруд, тамошобинони азиз. Хулосаи муҳимитарин хабарҳои рӯзи 4 январи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем. Дар ин барнома:

ТОҶИКИСТОН ДАР ОСТОНАИ ИНТИҚОЛИ ҚУДРАТ ҚАРОР ДОРАД? ПЕШБИНИҲОИ КОРШИНОСОН

ШИОРҲОИ ЗИДДИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ЯК ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

БОЗДОШТИ ЯК МАНСАБДОР ДАР ХУҶАНД БО 206 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА

МАОШҲО ДАР ТОҶИКИСТОН: АЗ ҲАМА БАЛАНДТАР ДАР БОНКҲО , АЗ ҲАМА КАМ АЗ КИШОВАРЗОН

ИРЪОБ (ШАНТАЖ): БОЗДОШТИ МАЪШУҚИ ТАМАЪҶӮ БАРОИ ТАЛАБИ 500 ДОЛЛАР АЗ МАЪШУҚА

МУСОДИРАИ 4 ТОННА МАНДАРИНИ ҚОЧОҚӢ АЗ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ӮЗБЕКИСТОН МЕХОҲАНД ФУРӮШИ НОСРО МАНЪ КУНАНД

Бархе коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон метавонад билохира нақшаи  соли гузашта батаъхирафтодаи интиқоли қудрат аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ амалӣ гардонда шавад. Раҷаби Мирзо бар ин аст, ки интиқоли қудрат дар тирамоҳи соли 2021 баъди таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон сурат бигирад. Аммо Иршод Сулаймонӣ иҷрои ин нақшаи интиқоли қудратро дар соли 2022, ки Эмомалӣ Раҳмон ба синни 70 мерасад, қобили иҷро медонад. Бо ин ҳол, коршиносон барои Тоҷикистон ба далели пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодии ношӣ аз он як соли вазнинеро барои Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд. «Мунтақидон дар воқеъ бисёртар мешаванд. Хусусан дар пасманзари норасоии барқ ва боло рафтани нархи маҳсулот. Мантиқан бад шудани вазъ метавонад, ба пайдоиши мухолифини пинҳонкор ва “сахт тоб додани мурватҳо” аз сӯйи мақомот бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ биоварад” – тахмин задааст дар суҳбат бо Радиои Озодӣ як сиёсатшиноси мустақил аз Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад.

xxxxx

“Ислоҳ ТВ” – як канали марбут ба мухолифини тоҷик дар Ютуб бо нашри як видео хабар дод, ки шаби 3 январ дар як гузаргоҳи зеризаминӣ дар шаҳри Хуҷанд шиорҳои зидди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро навиштаанд. Дар видео дида мешавад, ки дар рӯи фарш дар ин гузаргоҳ “Раҳмонов – истеъфо!” навиштаанд ва дар девор ду шиори дигар “Раҳмонов, даст аз зулм бардор!” ва “Инқилоб наздик аст!”

Мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд.

Насби чунин шиорҳои зидди президент Раҳмон дар солҳои охир дар Тоҷикистон бесобиқа аст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки 68 сол дорад ва аз соли 1992, инак 28 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад, дар интихоботи моҳи октябри соли 2020 бо касби 90,92 фоизи овозҳо бори дигар ғолиб омад ва замони раёсаташро то соли 2027 тамдид кард.

xxxx

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи Ҳакимхон Ваҳобович Ҳакимов, техник-заминсози корхонаи давлатии “Суғдзаминсоз” ва як шарики ӯро ба додгоҳ супурдааст. Бино ба ин манбаъ, Ҳакимов “аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуданд.”

Аммо парванда ба зидди заминсози идораи давлатӣ чун дар мавридҳои зиёди қаблӣ на бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319), балки бо иттиҳоми ҷазояш хеле сабуктари қаллобӣ (моддаи 247) кушода шудааст.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҳамчун қаллобӣ бандубаст кардани парвандаҳои мансабдорони ҳангоми гирифтани пора бадастафтода хеле афзудааст. Аксари ин мансабдорон маъмулан бо ягон ҷарима халос мехӯранд. Коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона”-и мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Фурӯши қитъаҳои замин як арсаи аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

xxxxx

Агентии омори ҳукумати Тоҷикистон охирин омори марбут ба ҳаҷми маошҳо дар ин кишварро нашр кард. Дар моҳи октябри соли 2020 маоши миёна дар Тоҷикистон ба 1 661 сомонию 21 дирам баробар шудааст, ки ин назар ба моҳи октябри соли 2019 ҳудуди 6,8% бештар мебошад.

Маоши аз ҳама баландтарин дар Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, аз кормандони бонкҳо ва идораҳои суғурта буда, 3598 сомонию 30 дирамро ташкил додааст. Ҳамин тавр, маоши кормандони иттилоот ва алоқа – 2721 сомонӣ, бахши истихроҷи маъдан – 2631, сохтмон – 2,453сомонӣ ва кормандони барқу газ – 2,326 сомонӣ маош доштаанд.

Дар соҳаи маориф дар октябри соли 2020 маоши миёнаи моҳона 1245 сомонию 14 дирамро ташкил додаааст, ки назар ба як соли пеш 16,8% зиёд гуфта мешавад. Маоши миёнаи  кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат 22,4 фоиз афзуда, ба  1102,19 сомонӣ дирам баробар шудааст.

Вале маоши аз ҳама пасттарин дар бахши воқеии иқтисод дар октябри соли 2020 маоши коргарони соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳидорӣ буда, ҳамагӣ 623 сомонию 76 дирамро ташкил додааст. Як сол пеш маоши миёнаи ин қишри аҳолӣ дар Тоҷикистон боз ҳам камтар – ҳамагӣ 575 сомонию 71 дирам будааст.

xxxx

Як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. ВКД гуфт, ин нафар  бо зани 39-солаи сокини пойтахт рафту омади дӯстона дошта, бо роҳи иъроб (шантаж) таҳдид кардааст, ки агар ба ӯ 500-доллари амрикоӣ оварда надиҳад, оид ба алоқаҳои байни онҳо ба хешовандони наздикаш хабар дод, маълумоти бадномакунандаро дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ паҳн мекунад. Ин мард дар маҳаллаи Зарафшон ҳангоми гирифтани 300 доллар дастгир шудааст.

xxxx

Рӯзи 3 январ марзбонҳои Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо бори қочоқӣ дастгир кардаанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, марзбонҳои қирғиз ҳангоми дидбонӣ дар наздикии шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом дар ҳудуди Қирғизистон як мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер»-ро бо рақамҳои Тоҷикистон дида, хостанд, ки санадҳои онро тафтиш кунанд. Вале ронанда ва мусофираш ба талаби фаромадан аз мошин итоат накарда, муқовимат нишон додаанд ва хостаанд ба самти Тоҷикистон фирор кунанд. Вале марзбонҳои қирғиз мошинро манъ карда, ронандаву мусофирашро дастгир кардаанд.

Дар ҷараёни бозҷӯӣ маълум шуд, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон Ш.Д., соли таваллудаш 1986 ва  Ч.Ш., соли таваллудаш 1990 будаанд. Аз бордони мошини онҳо 4 тонна мандарини қочоқӣ ба маблағи 300 ҳазор сом (наздики 4 ҳазор доллар) пайдо кардаанд.

xxxx

Агентии танзими бозори машруботу тамоку ва рушди ангурпарварии Ӯзбекистон тарҳи қонун «Дар бораи танзими истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти машрубот ва тамоку»-ро таҳия кардааст, ки дар он аз ҷумла манъи фурӯши нос дар ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, тарҳи ин қонун ҳоло дар дасти баррасии кобинаи вазирон қарор дорад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, истеъмоли носи худсохт ба вазъи саломатии аҳолии Ӯзбекистон таъсири манфӣ дошта, ба иқтисоди кишвар низ зарар мерасонад.

Бино ба омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, миқёси истеъмоли тамокуи бедуд дар байни наврасони аз 13 то 15-сола дар Ӯзбекистон дар байни кишварҳои ҳамсоя аз ҳама баландтарин буда, бино ба ин манбаъ, 6 фоизи наврасон дар Ӯзбекистон нос истеъмол мекунанд.  Ин нишондиҳанда дар Қирғизистон  5,1%, дар Тоҷикистон – 1,8%, дар Қазоқистон – 0,6% ва дар Туркманистон – 0,2%-ро ташкил мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button