Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи Ҳакимхон Ваҳобович Ҳакимов, техник-заминсози корхонаи давлатии “Суғдзаминсоз” ва як шарики ӯро ба додгоҳ супурдааст. Бино ба ин манбаъ, Ҳакимов “аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуданд.”
Аммо парванда ба зидди заминсози идораи давлатӣ чун дар мавридҳои зиёди қаблӣ на бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319), балки бо иттиҳоми ҷазояш хеле сабуктари қаллобӣ (моддаи 247) кушода шудааст.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҳамчун қаллобӣ бандубаст кардани парвандаҳои мансабдорони ҳангоми гирифтани пора бадастафтода хеле афзудааст. Аксари ин мансабдорон маъмулан бо ягон ҷарима халос мехӯранд. Коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона”-и мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад. Фурӯши қитъаҳои замин як арсаи аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Қаллобӣ барои додани қитъаи замин
Ҳакимов Ҳакимхон Ваҳобович дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии «Суғдзаминсоз» кор карда истода, аз рўи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулович даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206.150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуданд.
Дар ин хусус нисбати Ҳакимов Ҳ.В. ва Раҳимов Ҳ.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ