СиёсатЧеҳраҳо

ЗОДРӮЗИ ОЗОДА РАҲМОН – ДАСТИ РОСТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Озода Раҳмон, духтари дуюми президенти Тоҷикистон рӯзи 3 январ ба синни 43 расид. Раҳмон Озода Эмомалӣ аз байни 7 духтари Эмомалӣ Раҳмон баландтарин мақоми давлатӣ – раҳбарии дастгоҳи президентро дар даст дорад ва ӯро амалан “дасти рост”-и падараш мешуморанд. Мунтақидон ин мақоми баланди духтари президентро боз як қадами дигар дар роҳи дар дасти хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон мунсаҷим шудани мансабҳои калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ҳукумат торафт ранги «авлодӣ» мегирад. Вале тарафдоронаш Озода Раҳмонро як зани ҳалим ва дар айни замон раҳбари сахтгир ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, баъди омадани ӯ ба мақоми раиси дастгоҳ расидагӣ ба шикоятҳои мардуми оддӣ хеле хубтар шуд.

Аммо бо гузашти 4 сол аз нишастанаш ба мақоми раҳбари дастгоҳи президент, Озода Раҳмон ҳоло дар баробари чанд чолиши ҷиддӣ қарор гирифтааст. Вақте ӯ ба ин мақом расид, интизори аксар ин буд, ки мансабдорон аз духтари президент шояд битарсанд ва расидагиашон ба арзу шикояти мардум акнун беҳтар шавад. Дар воқеъ, баъди раиси дастгоҳ шудани Озода Раҳмон мавҷи шикоятҳо ба номи ӯ рехт ва дар оғоз мансабдорон метарсиданд ва маҷбур буданд, ки ба шикоятҳои расида ба дастгоҳи президент зуд расидагӣ кунанд. Вале бо гузашти 4 сол, тавре ба назар мерасад, онҳо ба раисии Озода Раҳмон ё одат карданд ваё тарсашон парид, ки дигар шикоятҳо ҳатто ба номи духтари президент онҳоро зиёд маҷбур ба ҷунбуҷӯл намекунад.

Чолиши дигар ин густариши бесобиқаи доманаи фасоду коррупсия дар кишвар, рӯирост шудани мансабфурӯшӣ, бе ҷазои ҷиддӣ бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос шудани садҳо мансабдори бо пора ба даст афтода аст, ки бидуни шак ба обрӯи дастгоҳи президент, идорае, ки Озода Раҳмон раҳбариаш мекунад, низ иснод меорад.

Чолиши дигар барои Озода Раҳмон ҳамчунон дар дасти ҷиноҳи “ястребҳо” боқӣ мондани абзори сиёсати дохилии ҳукумат аст, ки обрӯи Душанберо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун режими саркӯбгари озодиҳои демократӣ мерезонад, вале тавре ба назар мерасад, дастгоҳи президент ҳадди ақал дар марҳалаи кунунӣ тавони кофӣ барои лаҷом задани иштиҳои қозгири “ястребҳо”-ро надорад.

Ба бовари нозирони умур, Озода Раҳмонро мебояд собит кунад, ки дастгоҳи президент танҳо инкубатори мансабдорони оянда нест, балки як ниҳоди таъсиргузор ва муҳимтар аз ҳама, ислоҳкунандаи камбудиҳоест, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон роҳ медиҳанд.

Рӯзи 3 январ Озода Раҳмон, баландмақомтарин духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба синни 43 расид. Озода Раҳмон баъди Фирӯза Раҳмонова духтари дуюми Эмомалӣ Раҳмон буда, 3 январи соли 1978 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. То тоҷикӣ кардани номаш дар моҳи апрели соли 2014 ӯ расман Озода Эмомалиевна Раҳмонова ном дошт.

Озода Раҳмон, бино ба тарҷумаи ҳоли расмиаш, соли 2000 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 2004-2006, вақте шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиева ҳамчун намояндаи расмии Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул дар шаҳри Вошингтон, пойтахти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико кор мекард, Озода Раҳмон дар бахши забономӯзии донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Амрико таҳсил кардааст.

Озода Раҳмон собиқаи кориашро соли 2005 ҳамчун атташе оид ба масоили фарҳанг ва маорифи сафорати Тоҷикистон дар Амрико оғоз карда, баъди бозгашташ ба Душанбе дар соли 2009 сардори раёсати консулии вазорати корҳои хориҷӣ таъйин шуд ва дар ин мақом низ се сол, то соли 2009 кор кард.

Озода Раҳмон солҳои 2009-2014 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва солҳои 2014-январи 2016 муовини якуми вазири хориҷа буд. 27 январи соли 2016 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ӯ ба мақоми сардори дастгоҳи президент таъйин карда шуд.

Озода Раҳмон ҳамчунин моҳи майи соли 2016 вакили Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва моҳи июли ҳамон сол раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оида ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб гардид.

Озода Раҳмон 25 майи соли 2012 дар мавзӯи “Рушди қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои занон дар Тоҷикистон (солҳои 1917—2011)” рисолаи илмиашро ҳимоя карда, соҳиби унвони номзади улуми ҳуқуқшиносӣ шудааст. Озода Раҳмон ҳангоми таълифи рисолаи номзадӣ унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва раҳбари илмиаш академик Фозил Тоҳиров буд.

Озода Раҳмон мақоми Сафири фавқулодда ва мухторро дошта, моҳи майи соли 2017 рутбаи Мушовири давлатии адлия – баландтарин мақом дар низоми адлия ва прокуратураи Тоҷикистонро низ ба даст овард. Президент Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 2015 хидматҳои Озода Раҳмонро бо ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ карда буд.

Ҳамсари Озода Раҳмон – Ҷамолиддин Нуралиев қаблан дар мақомҳои намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, муовини вазири молия, муовини аввали вазири молия кор карда, аз моҳи майи соли 2015 муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст. Озода Раҳмон ва Ҷамолиддин Нуралиев 5 фарзанд доранд.

Мунтақидон ба мақоми муҳими раиси дастгоҳи президент таъйин шудани духтари президентро боз як қадами дигар дар роҳи дар дасти хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон мунсаҷим шудани мансабҳои калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон меноманд ва мегӯянд, ҳукумат дар ин кишвар торафт ранги «авлодӣ» мегирад.

Вале онҳое ки Озода Раҳмонро аз наздик мешиносанд, ӯро як зани ҳалим ва дар айни замон раҳбари сахтгир ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, баъди омадани ӯ ба мақоми раиси дастгоҳ расидагӣ ба шикоятҳои мардуми оддӣ хеле беҳтар шудааст.

Баъди таъйин шудани Озода Раҳмон ба мақоми раҳбари дастгоҳи президент аксар шикоятҳои худро ба номи ӯ ва ҳамин тавр, ба номи додараш Рустами Эмомалӣ – раиси ҳукумати шаҳри Душанбе – менависанд. Ба бовари онҳо, дар сурати дахолати фарзандони президент мақомоти маҳаллӣ аз тарс ба шикоятҳо зудтару хубтар расидагӣ мекунанд.

Озода Раҳмон моҳи январи соли 2016 ҳамроҳи падару модар ва дигар аъзои хонаводаи президент Ҳаҷҷи умра низ кард.

<IMG ALIGN=left BORDER=”0″ SRC=”/clients/akhbor/ozodahajj.jpg”>

Раисиҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд – 7 духтар ва 2 писар – дорад. Писари калонии президент Рустами Эмомалӣ, ки 33 сол дорад, алакай дар мақомҳои раҳбари Хадамоти гумрук ва Агентии мубориза бо коррупсия кор карда ва соҳиби унвони генерал-лейтенант шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2017 бо фармони падараш раиси ҳукумати шаҳри Душанбе таъйин шуд ва моҳи апрели соли 2020 ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ расид ва тибқи Қонуни асосӣ, роҳбари дуюми Тоҷикистон ба шумор меравад.

Духтари панҷуми раисиҷумҳур – Рухшона Раҳмонова – аз соли 2016 дар мақоми муовини сардори шӯъба дар Раёсати созмонҳои байналмилалии вазорати хориҷа кор мекунад.

Озода Раҳмон рӯзи 5 октябри соли 2017, дар зодрӯзи 65-уми падараш Эмомалӣ Раҳмонро бо як паёми хотирмони видеоӣ табрик карда буд, ки вокунишҳои гармеро ба бор овард:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button