
Ду нашрияи Петербург – 78.ru ва Konkretno.ru бо такя ба манобеи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ки як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон шаби 2 январ дар ноҳияи Адмиралтейский бо гумони бадахлоқии ҷинсӣ нисбат ба як духтари ноболиғи 12-сола дастгир шудааст.
Манобеи ин ду нашрия гуфтаанд, ки шаби 2 январ ба рақами 112 марде занг зада, хабар додааст, ки тахминан соати 21:30 як марди ношинос мошини тамғаи «Skoda Rapid»-ро дар назди бинои №31 дар кӯчаи Витебская манъ карда, дар дохили мошин нисбат ба як духтари ноболиғи соли таваллудаш 2008 ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ анҷом додааст.
Баъди чанде кормандони пулис дар ҳамон кӯчаи Витебская як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро дастгир карда, ба шуъбаи пулис овардаанл. Ҳоло санҷиши ҳодиса идома дорад ва масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар дасти баррасӣ қарор доштааст.