Варзиш

ДЕРБИИ ФУЗАЙЛОВҲО: РАҲМАТУЛЛО ФУЗАЙЛОВ САРМУРАББИИ «ИСТАРАВШАН» ШУД

Футболбози шинохтаи тоҷик Раҳматулло Фузайлов сармураббии «Истаравшан» таъйин шудааст. Дар ин бораи ин бошгоҳи футбол рӯзи 2 январ дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод. «Истаравшан», ки тоза ба лигаи олии футболи Тоҷикистон роҳ ёфтааст, соли гузашта дар байни 10 даста бо 17 имтиёз аз 18 бозӣ дар зинаи 8-ум қарор гирифт ва маъмурияти даста табиист, ки аз Раҳматулло Фузайлов комёбиҳои баландтареро интизор доранд.

Бояд гуфт, ки моҳи июли соли 2020 бародари калонии низ шуҳратёри Раҳматулло – Ҳаким Фузайлов сармураббии «Хуҷанд» таъйин шуда  буд ва тавре сомонаи варзишии  Sports.tj таъкид мекунад, акнун дербии ду дастаи Суғд ҳамчунин дербии Фузайловҳо мешавад.

Аз хонаводаи Фузайловҳо се бародар – Ҳаким, Раҳматулло ва Ҳикмат – футболбоз шудаанд.

Фузайлов Раҳматулло Қаюмович 16 августи соли 1978 дар Душанбе ба дунё омада, мисли бародараш Ҳаким дар хатти муҳофизат бозӣ мекард ва узви тими миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ собиқаи футболбозиашро дар дастаҳои Тоҷикистон оғоз кард ва сипас дар ҳайъати «Нефтчӣ» (Фарғона) дар Ӯзбекистон идома дод.  Раҳматулло Фузайлов солҳои 2000-2007 дар дастаҳои Русия ҳунарнамоӣ кардааст: «Шинник» Ярославль (2000—2004), «Алания» Владикавказ (2005), «Лада» Толятти (2006), «Носта» Новотроитск (2007).

Фузайлов соли 2007 бо сабабҳои оилавӣ баргашт ва то поёни собиқаи бозигариаш дар соли 2014 дар ҳайъати «Энергетик», «Вахш», «Регар-ТадАЗ», «ЦСКА-Помир» бозӣ кард.

Баъди тарки майдон Раҳматулло Фузайлов ба кори мураббигӣ гузашт ва сармураббии ЦСКА, «Кӯктош» ва «Равшан»-и Зафаробод буд. Ӯ ҳамчунин ёвари сармураббии тими миллии наврасони Тоҷикистон (U19) мебошад.

fcistaravshan1938

ФУЗАЙЛОВ ГЛАВНЫЙ ТРЕНЕР «ИСТАРАВШАН»

Рахматулло Фузайлов назначен новым главным тренером истаравшанского клуба. Ранее Фузайлов тренировал клубы ЦСКА и Куктош. Также, новый главный тренер «Истаравшана» был помощником главного тренера молодежной сборной Таджикистана.

Фузайлов известен также, своими выступлениями в «Памире», узбекской лиге и российской премьер лиге.

Пожелаем удачи Фузайлове !


sports.tj.official

Акнун дербии вилояти Суғд @fckhujand_official @fcistaravshan1938 ба дербии Фузайловҳо мубаддал мегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button