ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҶИНОЯТҲОИ РӮЗҲОИ СОЛИ НАВ: ОДАМКУШӢ, КОРДЗАНӢ, ҒОРАТИ ТЕЛЕФОН…

Сокини 39-солаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров рӯзи 1 январ, соати 14 сокини 38-солаи ҷамоати Гулистони шаҳри Ваҳдатро дар хонааш буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст.

Мӯсафеди 68-сола аз деҳаи Ғазантарки ноҳияи Деваштич шоми 31 декабр, соати 17:30 дар ҷараёни муноқиша ба шиками ҳамдеҳаи 34-солааш корд задааст.

Ду навраси 17-сола шаби 31 декабр, соати 23, аз ҳиссиёти авбошӣ дар кӯчаи Хуҷандии ш.Душанбе як сокини 19-солаи ноҳияи Синоро корд задаанд.

Як марди 37-солаи зодаи ноҳияи Фархор шаби 31 декабр, соати 22, дар маҳаллаи 46-уми пойтахт аз дасти як зани 28-сола телефони “Нокиа”-ро ба зӯр кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидани марди 39-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 1-уми январи соли 2021, тахминан соати 14:00, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дар хонаи истиқоматиаш ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамдеҳааш марди 34-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задаст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани ҷавони 19-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 23:00, дар маҳаллаи Хуҷандӣ ду ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфта, баъдан, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мухтори ноҳияи Ховалинг муроҷиат намудааст, ки санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокия»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button