ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ РӮЗИ 2 ЯНВАРИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЙГОҲИ ХАБАРИИ “БОМДОД”

Дуруд, тамошобинони гиромии пойгоҳи хабарии “Бомдод”!

Хулосаи муҳимтарин хабарҳои рӯзи 2 январи Тоҷикистонро бароятон пешкаш мекунем.

Дар ин барнома:

БОЗДОШТИ БАДЕЪУЗЗАМОН – ПЕШВОИ “ТАБЛИҒӢ”-ҲОИ ТОҶИК ДАР ИСТАНБУЛИ ТУРКИЯ

АЁДАТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ ШИРИН АМОНЗОДА ВА МУОВИНИ РАИСИ ХАТЛОН ФИРӮЗА ШАРИФӢ АЗ ТИФЛОНИ ПАНҶГОНИК

ДУ РӮЗ БОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС САБТ НАШУДААСТ

11 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЖУРНАЛИСТ МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ БАРОИ 400 СОМОНӢ

ВА РӮЗИ 5 ЯНВАР ПАРВОЗҲО БАЙНИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ АЗ САР ГИРИФТА МЕШАВАНД

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, яке аз роҳбарони тоҷикистонии “Ҷамоати таблиғ” тақрибан ду моҳ қабл дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир гардида, феълан дар боздоштгоҳи Пендик, дар каронаи шарқии қисмати осиёии шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешавад. Ба сомонаи “Бомдод” муяссар нашуд, ки исми ӯро аниқ кунад, вале ин марди боздоштшуда дар байни пайравони “Ҷамоати Таблиғ” бо тахаллуси Бадеъуззамон машҳур буд. Як сабаби боздошти ӯ ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ гуфта мешавад, вале тарафдоронаш бар инанд, ки боздошти Бадеъуззамон бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ӯ чандин сол боз дар Истанбул зиндагӣ мекард ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, он пайравони тоҷики “Ҷамоати Таблиғ”, ки дар Туркия паноҳ бурдаанд, дар ҳама кор бо маслиҳат ва машварати ӯ амал мекарданд.

Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шуда, дар ин байн даҳҳо нафар аз пайравони ин созмони динӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Охирин нафаре, ки бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Таблиғ” ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, домоди рӯҳонии машҳур дар минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода буд. Мулло Садриддин низ дар Туркия ба сар мебурд ва ду сол пеш бо ваъдаи афви мақомот ба Тоҷикистон баргашт.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аз Дилноза Мамадова ва тифлони панҷгоники ӯ дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе аёдат карда ва ин модарро табрик кардаанд. Ширин Амонзода бо тақдими туҳфа барои навзодон таваллуди панҷгоникро дар арафаи Соли нав фоли нек номида, орзу кардааст, ки ин тифлакон солим ба воя расида, барои миллату давлат ва халқи шарифи Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.”

Фирӯза Шарифӣ ба модари ин тифлон кумаки моддии ҳукумати Хатлонро расонда, ба тифлони навзод саломатии қавӣ ва хушрӯзӣ таманно кардааст.

Як рӯз қабл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ ба табрики ин хонавода ба деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён рафт ва амр дод, ки хонаи онҳоро навсозӣ карда, барои тифлони навзод ҳуҷраҳои иловагӣ бисозанд.

 Табибон вазъи тифлон ва модари онҳоро муътадил арзёбӣ кардаанд. Ин 5 тифл, ки рӯзи 30 декабр  бо вазни аз якуним то ду кило ба дунё омаданд, феълан дар боксҳои махсус нигоҳубин мешаванд.

Қаблан дар Тоҷикистон чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник мушоҳида шуда буд, вале панҷгоник бори аввал ба дунё омад. Ин панҷгоникро Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадиҷа ном гузоштаанд. Модари онҳо Дилноза Мамадов 31 сол дошта, қабл аз ин панҷгоник соли 2010 духтар ва соли 2017 писар ба дунё оварда буд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 1 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.Вазорат гуфт, ҳамагӣ 312 нафар “бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.”

Як рӯз қабл низ вазорати тандурустӣ иттилоъ дода буд, ки рӯзи 31 декабр дар кишвар ягон ҳолати нави коронавирус сабт нашуда, бемористонҳо аз беморони коронавирус пурра холӣ шудаанд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 1 январ дар Тоҷикистон 13 296 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохта, 12 894 нафар, яъне 97% аз ҷамъи беморон шифо ёфтаанд. 43 нафар, ба иттилои вазорат, дар як шабонарӯзи охир аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ доир ба коронавирус аз оғоз бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд ва мегуфтанд, ки шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз рақамҳоест, ки вазорат тасдиқ мекунад. Ба иддаои якбора ба сифр баробар шудани ҳолатҳои коронавирус дар Тоҷикистон, ки инак ду рӯз боз вазорат чунин хабар медиҳад, низ бисёриҳо бо чашми шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, иддаои “қариб ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон” каме пеш аз вақт аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 31 декабр дар паёми солинавиаш изҳор дошт, ки коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст. Вале ӯ ҳушдор дод, ки мардум набояд бепарвову фориғбол шаванд.

Журналисти тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки бо ҷурми гӯё 400 сомонӣ тамаъҷӯӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст ва қариб 8 сол боз дар пушти панҷара қарор дорад, бо ирсоли як паём аз маҳбас хостори ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти додситонӣ ба қазияаш шудааст. Ӯ гуфтааст, бо вуҷуди ҳанӯз 10 моҳ қабл пардохт шудани маблағи “зарар” ва розигии додгоҳ маъмурияти маҳбаси №5/3-и шаҳри Хуҷанд аз гузарондани ӯ ба маҳбаси сукунатӣ саркашӣ мекунанд.

Маблағи зарари зикршуда дар парвандаи Исмоиловро дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ моҳи феврали соли 2020 сардабири пойгоҳи хабарии “Бомдод” Мирзои Салимпур пардохт кард. Мақомот ваъда карда буданд, ки ин охирин монеа буд ва акнун Исмоиловро ба маҳбаси сукунатӣ мегузаронанд. Вале баъди пардохти пул баҳонаҳои нав ба нав ҷуста, ваъдаи худро иҷро накарданд.

Муҳаммадюсуф Исмоиловро соли 2013 баъди нашри чанд матлаби танқидӣ дар бораи ноҳияи Ашт ба тамаъҷӯии 400 сомонӣ айбдор ва ба 11 соли зиндон маҳкум карданд.

Дар Тоҷикистоне, ки одамони пушташон бақувват миллионҳо медузданд, журналистро барои ҳамагӣ 400 сомонӣ ва он ҳам бо як иттиҳоми бофтаю сохта ба 11 соли зиндон маҳкум карданд. Маҳтоббӣ Абдуллоева, ҳамсари Исмоилов мегӯяд, бори зиндагиро танҳо, ба сахтиву машаққат мекашад. Бо 200 сомонӣ нафақаи корношоямии шавҳараш ва дастмузди корҳои муваққатӣ рӯз мегузаронанд. “Бекор, сарсону саргардон, дастнигари мардум шудем. Яке каме орду рӯған медиҳад, як савобталаб – каме биринҷу нон . Магар мешавад инро зиндагӣ гуфт ?!” – мегӯяд ӯ.

Ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Uzbekistan Airways” (“Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”) хабар дод, ки рӯзи 5 январ, баъди қариб 10 моҳи танаффус, нахустин парвози чартерӣ дар хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд сурат мегирад. Ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” соати 09:30 аз фурудгоҳи Тошканд ба ҳаво хеста, бояд соати 10:30 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд биояд. Ин ҳавопаймо аз Душанбе соати 12 ба парвоз медарояд ва баъди як соат – соати 13 бояд ба Тошканд бирасад. Чиптаҳои парвозро метавон аз кассаҳои ширкат ваё дигар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо харидорӣ кард. Нархи парвоз ба як тараф 162,5 доллар (барои бизнес-класс – 225,5 доллар) муқарррар шудааст.

Парвозҳо байни Тошканду Душанбе рӯзи 16 марти соли 2020, дар пайи ошкор шудани нахустин ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон мутаваққиф карда шуданд. Дар тирамоҳи гузашта хабарҳое нашр шуд, ки парвозҳо байни Ӯзбекистону Тоҷикистон аз 1 ноябр аз сар гирифта мешаванд, вале дар охирин лаҳза ин кор то соли нав ба таъхир гузошта шуд.

Бар асоси қарори комиссияи мубориза бо коронавируси ҳукумати Ӯзбекистон, аз 25 декабр ҳар нафаре, ки вориди қаламрави ин кишвар мешавад, бояд аз ҳисоби худаш аз коронавирус экспресс-тест супорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button