ВидеоДин ва боварҳо

БОЗДОШТИ БАДЕЪУЗЗАМОН – ПЕШВОИ “ТАБЛИҒӢ”-ҲОИ ТОҶИК ДАР ИСТАНБУЛИ ТУРКИЯ

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, яке аз роҳбарони тоҷикистонии “Ҷамоати таблиғ” тақрибан ду моҳ қабл дар шаҳри Истанбули Туркия дастгир гардида, феълан дар боздоштгоҳи Пендик, дар каронаи шарқии қисмати осиёии шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешавад. Ба сомонаи “Бомдод” муяссар нашуд, ки исми ӯро аниқ кунад, вале ин марди боздоштшуда дар байни пайравони “Ҷамоати Таблиғ” бо тахаллуси Бадеъуззамон машҳур буд. Як сабаби боздошти ӯ ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ гуфта мешавад, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ин боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст ё хайр?  Фаъолияти “Ҷамоати Таблиғ” дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ шуда, дар ин байн даҳҳо нафар аз пайравони ин созмони динӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Охирин нафаре, ки бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Таблиғ” ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, домоди рӯҳонии машҳур дар минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода буд. Мулло Садриддин низ дар Туркия ба сар мебурд ва ду сол пеш бо ваъдаи афви мақомот ба Тоҷикистон баргашт.

Бино ба иттилои дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Бадеъуззамон, яке аз пешвоёни бахши тоҷикистонии  “Ҷамоати Таблиғ” чандин сол боз дар Истанбул зиндагӣ мекард ва ба гуфтаи манобеи огоҳ, он пайравони тоҷики “Ҷамоати Таблиғ”, ки дар Туркия паноҳ бурдаанд, дар ҳама кор бо маслиҳат ва машварати ӯ амал мекарданд.

Яке  аз наздикони роҳбари боздоштшудаи “Ҷамоати Таблиғ” ба шарти бурда нашудани номаш ба “Бомдод” гуфт: “Бадеъуззамон ду моҳ боз дар боздоштгоҳи  воқеъ дар  минтақаи Пендики  шаҳри Истамбул  нигоҳ дошта мешавад. То ҳол сабаби боздошташ маълум нест. Бино ба бархе маълумот, гӯё аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои боздошташ нома ирсол кардаанд. Ин фарзия ҳам ҳаст, ки гӯё ба хотир  кушодани мадрасаи ғайриқонунӣ боздошт гардидааст. Вале фикр мекунам, ки фарзияи аввал, яъне бо дархости Душанбе дастгир шуданаш – асоси бештар дорад, чунки Бадеъуззамон баъди дар Тоҷикистон  баста гардидани “Ҷамоати таблиғ” солҳои зиёде буд, ки дар Туркия зиндагонӣ мекард.”

 Барои ташкили мадрасаи ғайриқонунӣ дар Туркия, ки қудраташ ҳоло дар дасти ҳизби рӯ ба Исломи адолат ва тарақиёти Раҷаб Эрдуғон қарор дорад, маъмулан ба ҳабс намегиранд, балки танҳо мадрасаро мебанданд, – мегӯяд ин манбаъ.

Ин алакай бори дуюм аст, ки ин роҳбари тоҷики “Ҷамоати Таблиғ” дар Туркия дастгир мешавад. Чанд сол пеш низ ӯро пулис боздошт карда буд, вале баъди чанд вақт озод карданд. Ин дафъа маълум нест, ки ӯро озод мекунанд ваё ба Тоҷикистон месупоранд?

Ин дар ҳолест ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт шудани яке аз пешвоёни “Ҷамоати Таблиғ” дар Туркия то ҳол ибрози назар накардаанд.

Ин манбаи мо мегӯяд, ки Бадоеъзамон яке аз нафаронест,ки пайравони ҷамоат бидуни фатвояш ҳеҷ кореро анҷом намедиҳанд.

“Ҷамоати таблиғ” як  равияи  мазҳабист, ки аз соли 2006 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташ дар ҳудуди ин кишвар  мамнӯъ эълон шудааст. Дар ин байн даҳҳо пайрави ин созмон дар Тоҷикистон боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд,  вале қисми дигари  пайравони ин созмони мазҳабӣ тарки Тоҷикистон карда,  дар хориҷ фаъолият мекунанд.

Моҳи феврали соли 2019 яке аз пайравони “Ҷамоати Таблиғ” – Садриддин Муллоев, маъруф ба Мулло Садриддин, домоди рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб Домулло Ҳайдар Шарифзода бо ваъдаи афви мақомот аз Туркия ба Тоҷикистон баргашт. Видеои бозгашти ӯ дар ТВ давлатӣ пахш шуд, вале моҳи сентябри ҳамон сол Мулло Садриддинро дастгир карданд ва дар аввали моҳи январи соли 2020 додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро бо ҷурмҳое, чун ифротгароӣ, зархаридӣ ва мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button