АЁДАТИ ВАЗИРИ МЕҲНАТ ШИРИН АМОНЗОДА ВА МУОВИНИ РАИСИ ХАТЛОН ФИРӮЗА ШАРИФӢ АЗ ТИФЛОНИ ПАНҶГОНИК (26 АКС)
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аз Дилноза Мамадова ва тифлони панҷгоники ӯ дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе аёдат карда ва ин модарро табрик кардаанд. Ширин Амонзода бо тақдими туҳфа барои навзодон таваллуди панҷгоникро дар арафаи Соли нав фоли нек номида, орзу кардааст, ки “ин тифлакон солим ба воя расида, барои миллату давлат ва халқи шарифи Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.”
Фирӯза Шарифӣ ба модари ин тифлон кумаки моддии ҳукумати Хатлонро расонда, ба тифлони навзод саломатии қавӣ ва хушрӯзӣ таманно кардааст.
Як рӯз қабл раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ ба табрики ин хонавода ба деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён рафт ва амр дод, ки хонаи онҳоро навсозӣ карда, барои тифлони навзод ҳуҷраҳои иловагӣ бисозанд.
Табибон вазъи тифлон ва модари онҳоро муътадил арзёбӣ кардаанд. Ин 5 тифл, ки рӯзи 30 декабр бо вазни аз якуним то ду кило ба дунё омаданд, феълан дар боксҳои махсус нигоҳубин мешаванд.
Қаблан дар Тоҷикистон чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоник мушоҳида шуда буд, вале панҷгоник бори аввал ба дунё омад.
Ин панҷгоникро Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадиҷа ном гузоштаанд. Модари онҳо Дилноза Мамадов 31 сол дошта, қабл аз ин панҷгоник соли 2010 духтар ва соли 2017 писар ба дунё оварда буд.
Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон гуфт, Дилноза Мамадова дар хонаи шавҳараш ҳамроҳи падари шавҳараш – Бобоев Мамат, нафақахӯри 76-сола ва модари шавҳараш Нормуродова Норбӣ, нафақахӯри 74-сола зиндагӣ мекунад. Шавҳараш (Нормуродов) Бобоев Бароти 41-сола муваққатан бекор буда, то замони паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус ва эълон шудани пандемия ба муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар мекард. Мамат Бобоев зимни суҳбат бо раиси вилоят гуфт, ки се фарзанди дигараш низ кӯдакони дугоник доранд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ширин Амонзода таваллуди панҷгонаро табрик намуд
Субҳи имрӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба Муассисаи давлатии “Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ташриф оварда, Дилноза Маматоваро барои таваллуди панҷ фарзанди солим самимона табрик намуданд.
Дилноза Маматова сокинони деҳаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати деҳоти “20- солагии Истиқлол”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳии кории ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён мебошад.
Модари хушбахти тоҷик санаи 30 декабри соли 2020 дар “Пажуҳишгоҳи укушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Душнбе се духтар ва ду писарро ба дунё овард, ки ваъзи саломатии модару фарзандон хуб арзёбӣ гардида, дар таърихи Тоҷикистон аввалин маротиба аст, ки модари тоҷик панҷгона таваллуд менамояд.
Ширин Амонзода таваллуди панҷгонаро дар арафаи Соли нави мелодӣ фоли нек арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солим ба дунё овардани тифли навзод таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар оғози Соли нави мелодӣ таманно менамоем, ки ин тифлакон дар оянда солим ба воя расида, барои миллату давлат ва халқи шарифи Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд.
Аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модару тифлакони он туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён минбаъд низ ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои тифлакон, тарбияи дурусти онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Носирҷон Маъмурзода
Бо дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ба дидорбинии модари фарзандони панҷгоник Дилноза Мамадова рафт.
Айни ҳол Дилноза Мамадова дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ҳамроҳи фарзандонаш таҳти муроқибати табибон қарор дорад.
Фирӯза Шарифӣ ба модари панҷгоникҳо кумаки моддию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро расонида, аз ҳолу аҳволаш пурсон шуд.
Муовини раиси вилоят ҳамчунин бо табибони таваллудхона мулоқот карда, барои ғамхориашон нисбат ба Дилнозаю фарзандонаш изҳори миннатдорӣ намуд. Табибон қайд кардаанд, ки вазъи сиҳатии модару кӯдакон муътадил буда, як муддати муайян онҳо дар таваллудхона нигоҳубин мешаванд.
Фирӯза Шарифӣ ба модару фарзандони панҷгонааш саломатии қавӣ ва хушрӯзӣ таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки сокини 31-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодӣ 5 фарзанд ба дунё овард, ки чунин рӯйдод бори аввал дар таърихи вилоятамон сабт шудааст.
Рӯзи 1 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ ба ноҳияи Қубодиён сафар намуда, таваллуди панҷгоникро ба бобою бибии онҳо шодбош гуфт ва кумакҳои пулию моддӣ, маводи ғизоиро ба ин хонавода расонид.
Тасмим гирифта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар бунёди манзили иловагии истиқоматӣ барои тифлони навзод дар канораи замини наздиҳавлигии ин хонавода ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон