Исмоили Муҳаммадзоир, набераи калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобати як кӯдаки 13-солаи мариз аз Истаравшанро бар уҳда гирифтааст. Дар ин бора бо нашри як видео дар гуруҳи фейсбукии “Мо – Тоҷикистонием!” Хадича Бозорова хабар дод. Дар ин видео бибии кӯдаки мариз қисса мекунад, ки чӣ гуна барои табобати наберааш дар ба дари идораҳои гуногун давиданд ва дар ниҳоят Исмоили Муҳаммадзоир ба кумаки онҳо расид. Исмоил ба онҳо гуфтааст, ки тамоми хароҷоти табобати ин кӯдакро ба дӯш мегирад.
Дар видео дида мешавад, ки бибии кӯдак ашк дар чашм даст ба дуо кушода, барои Исмоили Муҳаммадзоир дуру дароз дуои хайр медиҳад.
Хадича Бозорова МЫ-ТАДЖИКИСТАНЦЫ! / МО -ТОҶИКИСТОНИЁН!
Уважаемый ИСМОИЛ МАХМАДЗОИР хочу поблагодарить Вас за оказанную помощь, не взирая на Ваш юный возраст, Вы помогаете многим это прекрасная черта это пример молодым, спасибо Вашим родителям за прекрасное воспитание. Для меня матери одиночки с двумя детьми, и сестры зарплатой учительницы это был не подъемный груз с связи с последними событиями коронавирусом мои родные тоже не смогли нам помочь сделать племяннику операцию. В предверии этого прекрасного праздника Вы нам сделали лучший подарок взяв полностью под ответственность предстоящею операцию моего племянника, единственного сыночка моей сестры ,ещё раз хочу Вам сказать огромное спасибо за Ваше доброе сердце за то что не проходите мимо беды нуждающихся людей. Всех Таджикистанцов поздравлю с Новым годом верьте в чудо никогда не теряйте надежды и помощь обязательно прибудет.
мошаАлло бехтарин ХУДОЧОН умри дарози пур аз баракат насибатон гардад хамном Дасти нийозмандон мегиред мошаАлло хушо ба холат болои сари фарзандонатон соябони саршон бошен омин
Ин бори аввал нест, ки исми Исмоил, набераи 21-солаи президент барои амалҳои хайраш вирди забонҳо мешавад. Моҳи сентябр гузориш шуда буд, ки ӯ ба Муҳаррам Очилова ва духтари ӯ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Турсунзода хонаҳои навсохт туҳфа кардааст.
Муҳаррама Очилова қаблан шикоят карда буд, ки дар як шароити хеле сахт дар ферма зиндагӣ мекунад. “Бовар кунед, вақтҳое мешаванд, ки се-чор рӯз нони хӯрдан наёфта, гушнаву ташна мешинем. Ман ба ҳамааш тоқат мекунам, вале дигар тоби бардоштани суханони талхи соҳибони фермаро надорам. Онҳо ман, як зани қариб 60-соларо дашномҳои қабеҳ медиҳанд, худам ва ҳатто модари раҳматиамро ҳақорат мекунанд. Бе кафан, бе Ватан ва бе соҳиб гуфта, таҳқир менамоянд…” – зор-зор гиря карда, қисса мекард Муҳаррам Очилова.
Исмоили Муҳаммадзоир 21 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент, ва домоди калониаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов мебошад. Исмоил қаблан ҳам бо иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном бароварда буд.