ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК САДАМАИ МАРГОВАР ВА ЯК МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

Шаби 31 декабр, соати 02:15, як мошини боркаши тамғаи “Мерседес” дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ дар роҳи Душанбе –Хуҷанд ба ҷарии 150-200 метр чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи мошин – сокини 53-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Шаби 31 декабр, соати 21:20. дар арафаи соли нав, як сокини 38-солаи ҷамоати Гули Сурх аз Истаравшан як ҳамдеҳаашро дар шаҳри Бӯстон дар ҳолати мастӣ корд задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 1 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронанда дар натиҷаи ба чуқурии 150-200-метр чаппа шудани автомашина

Санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 02:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Мерседес-Бенс» Гадоев Сайалишо Назарович, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 150-200-метр автомашинаро чаппа намудааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳолати мастӣ бо корд захмӣ намудани марди 40-сола

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар ҳудуди шаҳри Бӯстон дастгир кард шуд.

Номбурда санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 21:20- дақиқа, ҳангоми дар хиёбони И.Сомонии шаҳри мазкур қарор доштан, дар ҳолати мастӣ, бо марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button