Тиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ИНАК ДУ РӮЗ БОЗ ДАР ТОҶИКИСТОН РАСМАН ЯГОН ҲОЛАТИ НАВИ КОРОНАВИРУС САБТ НАШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 1 январ хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ  ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт нашудааст.Вазорат гуфт, ҳамагӣ 312 нафар “бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.”

Як рӯз қабл низ вазорати тандурустӣ иттилоъ дода буд, ки рӯзи 31 декабр дар кишвар ягон ҳолати нави коронавирус сабт нашудааст ва бемористонҳо аз беморони коронавирус пурра холӣ шуда, ҳамагӣ 355 бемор боқӣ мондаанд, ки бо нишонаҳои сабуки бемории коронавирус дар хона табобат мегиранд.

Бар асоси омори расмии вазорати тандурустӣ, то шоми 1 январ дар Тоҷикистон 13 296 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, аз ин шумор 90 нафар ҷон бохта, 12 894 нафар, яъне 97% аз ҷамъи беморон шифо ёфтаанд. 43 нафар, ба иттилои вазорат, дар як шабонарӯзи охир аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Мунтақидон ба омори расмии вазорати тандурустӣ доир ба коронавирус аз оғоз бо назари шубҳа нигоҳ мекарданд ва мегуфтанд, ки шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз рақамҳоест, ки вазорат тасдиқ мекунад. Ба иддаои якбора ба сифр баробар шудани ҳолатҳои коронавирус дар Тоҷикистон, ки инак ду рӯз боз вазорат чунин хабар медиҳад, низ бисёриҳо бо чашми шубҳа нигоҳ мекунанд.

Дар умум, бино ба мушоҳидаҳо, вақтҳои охир доманаи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон нисбатан коҳиш ёфтааст. Кам шудани хабари марги мардум аз ин беморӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз чунин тамоюли мусбат дарак медиҳад, вале мунтақидон мегӯянд, иддаои “қариб ба нестӣ расидани коронавирус дар Тоҷикистон” каме пеш аз вақт аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ рӯзи 31 декабр дар паёми солинавиаш изҳор дошт, ки коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст. Вале ӯ ҳушдор дод, ки мардум набояд бепарвову фориғбол шаванд: “Гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо қариб ба нестӣ расидааст, мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошем, ба бепарвоиву фориғболӣ роҳ надиҳем, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоем. Чунки гирифторшавии одамон ба ин беморӣ дар баъзе мамолики дунё аз нав авҷ гирифта истодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button