ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО ДАР ТОҶИКИСТОН АВВАЛ КИҲО ХОҲАНД ГИРИФТ? ШАРҲИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии “Ховар” гуфт, бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксинаи коронавирус дар байни гуруҳҳои афзалиятдори аҳолӣ дастурамали вижа қабул шудааст. Ба гуфтаи вазир, бар асоси ин дастур, пеш аз ҳама, бояд кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд,  бо ваксина таъмин карда шаванд. Ба ин гурўҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд ва шумораи онҳо 1,8 миллион нафар ё тақрибан 20% аз ҷамъи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Тақсими аввалин ваксинаҳо дар доираи механизми байналмилалии COVAX то нимаи соли 2021 оғоз мегардад.

То имрӯз дар Тоҷикистон расман беш аз 13 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 90 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Аммо манобеи ғайрирасмӣ бар инанд, ки шумори воқеии гирифторон ва қурбониёни коронавирус дар Тоҷикистон хеле бештар аз омори расмиест, ки вазорати тандурустӣ нашр мекунад.

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Яке аз самти асосӣ дар раванди мубориза бо бемории коронавируси КОВИД-19 ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ҳангоми дастрасӣ бо  ваксина нахуст кадом қишри аҳолӣ ваксинатсия  карда мешаванд?

 Ба ин савол Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА  ба АМИТ «Ховар» посух дод. Номбурда  чунин  иброз дошт:

Бо мақсади тақсимоти одилонаи ваксина дар байни гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, оид ба ин масъала дастурамал таҳия ва қабул карда шуд. Тибқи дастурамали мазкур, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда шаванд.

Дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита бо ташаббуси Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия, ки механизми байналмилалии COVAX-ро ташкил намуда, бевосита ба ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ҷиҳати ҷамъоварии маълумот оид ба бақайдгирии давлатҳои ниёзманд (92 давлати ҷаҳон) барои расонидани кӯмакҳо бо мақсади таъмини онҳо бо ваксина бар зидди сирояти COVID-19 фаъолият дорад, гурӯҳи кории техникиро дар ҳайати сармутахассисони соҳавӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои омодабошӣ ба воридкунии ваксинаи зидди сирояти COVID-19 таъсис дод.

Аз ҷониби гурӯҳи мазкур тибқи дархости механизми COVAX гурӯҳи мақсаднок аз ҳисоби шумораи умумии аҳолӣ барои фаро гирифтан бо ваксинатсия бар зидди сирояти COVID-19 муайян гардид, ки он 1,8 миллион нафар ва ё 20 фоизи аҳолии умумии мамлакатро ташкил медиҳад.

Ба ин гурўҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, аҳолии аз 50- сола боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд.

Шумораи мақсадноки аҳолӣ ба Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия санаи 7 декабри соли 2020 ирсол шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба рўйхати давлатҳои дархосткунандаи ваксина бар зидди сирояти COVID-19 ба механизми COVAX шомил гардид.

Дар назар аст, ки теъдоди зарурии ваксина барои гурӯҳҳои номбаршуда аз ҷониби механизми COVAX ба ҷумҳурӣ тариқи кумаки башардўстона пешниҳод мешавад. Ғайр аз ин, барои харидории ваксина аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ  3 миллион доллар ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари америкоӣ дар назар дошта шудааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон: «Умедворем дар соли 2021 коронавирусро аз байн мебарем»

ДУШАНБЕ, 31.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки сироятёбӣ ба COVID-19 метавонад дар соли оянда коҳиш ёфта, аллакай аввали тобистон  аз байн бурда шавад. Ягона шарти зарурӣ барои расидан ба чунин сенарияи некбинона —  ин ноил шудан ба идорашавандагии пандемия мебошад.

«Фикр мекунам, пас аз таҷлили Соли нав сирояти коронавирус дар мо зиёд нахоҳад шуд, баръакс, коҳиш меёбад», — гуфт ӯ. Ба гуфтаи ӯ, ба ин метавонад чораҳои пешгирикунандаи вирус, ки аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус андешида шудаанд, мусоидат кунанд. «Арчаҳои солинавӣ, чорабиниҳои корпоративию иҷтимоӣ, парвозҳои мунтазам бекор карда,    чораҳои эҳтиётӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва ғайра таҳким бахшида шудаанд, — афзуд вазир.-  Дар саросари ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ аҳолиро дар бораи зарурияти  риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, қоидаҳои истеъмоли ғизо ва пешбурди тарзи ҳаёти солим огоҳ мекунанд».

Ҷ. Абдуллозода изҳори умед кард, ки истифодаи ваксина низ имкон фароҳам меорад, ки вазъи COVID-19 дар кишвар ба таври назаррас беҳтар гардад. Ӯ ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба механизми байналмилалии COVAX, ки ҳадафи он дар асоси баробарӣ таъмин намудани ҳамаи кишварҳо бо ваксинаҳои коронавирус аст, шомил гардид. Тақсими аввалин ваксинаҳо дар доираи механизми байналмилалии COVAX то нимаи соли 2021 оғоз мегардад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button