ВидеоТоҷикистон

ТАВАЛЛУДИ АВВАЛИН ПАНҶГОНИК ДАР ТОҶИКИСТОН

Дилноза Мамадова, сокини 30-солаи деҳаи Б.Ғафурови ноҳияи Қубодиён, рӯзи 30 декабр дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе панҷгоник  – ду писар ва 3 духтар бо вазни аз якуним то ду кило – ба дунё овард. Ӯ то кунун ду фарзанд доштааст. Табибон вазъи модару 5 навзодашро хуб арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, Дилноза ду моҳи охир зери назорати табибони ин таваллудхона қарор дошта, 20 рӯзи пеш аз таваллуд дар инҷо бистарӣ буд.

Гулҷаҳон Давлатзода мудири Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт,  панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро бо ҷарроҳӣ гирифтанд: “Ҳар харҷе, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии вазири тандурустӣ мо анҷом додем ва аз хонаводааш чизе талаб нашудааст. Ҳудуди бист рӯзе, ки модари навзодон инҷо бистарӣ буд, хӯроки севақтаи занро худамон таъмин кардем. Мо талош дорем, ки кӯдаконро сиҳату саломат ба хона гусел кунем.”

Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд. Гулҷаҳон Давлатзода гуфт, соли гузашта дар ин зоишгоҳ чаҳор бор чоргоник таваллуд шудааст ва ҳамаи онҳо саломат ҳастанд.

Дар Тоҷикистон бори аввал модаре панҷгоник таваллуд кард

Сарвинози Руҳуллоҳ, Радиои Озодӣ

Як сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бори аввал дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё овард. Табибон мегӯянд, сиҳатии навзодон хуб аст ва зери назари онҳо қарор доранд.

Дилноза Мамадова, ки ки интизори фарзанди сеюмаш буд, якбора панҷгоник – 2 писару 3 духтар бо вазни аз якуним то ду килограм ба дунё овардааст. Ин панҷгоникҳо рӯзи 30-юми декбар дар Зоишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе таваллуд шуда, вазъашон хуб арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи табибон модари навзодон ду моҳи ахир зери назорати табибони ин зоишгоҳ қарор дошт ва бист рӯзи гузашта дар таваллудхона бистарӣ буд.

Гулҷаҳон Давлатзода мудири Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” рузи 31-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт таваллуди панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро бо ҷарроҳӣ гирифтанд. Вай гуфт: “Ҳар хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии вазири тандурустӣ мо анҷом додем ва аз хонаводааш чизе талаб нашудааст. Ҳудуди бист рӯзе, ки модари навзодон инҷо бистарӣ буд, хӯроки севақтаи занро худамон таъмин кардем. Мо ҳам талош дорем, ки кӯдаконро сиҳату саломат ба хона гусел кунем.”

Пизишкон мегӯянд замони рухсат шудани панҷгоникҳои Дилноза Мамадоваро ба вазъи сиҳатии кудакон вобастагӣ дорад. Дилноза Мамадова бо ҳамсараш дар деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён зиндагии миёна доштанд. Маълум нест, пайвандони навзодон то куҷо барои нигоҳубини кӯдакони навзод шароити муносиб доранд.

Табибон мегӯянд, барои бори аввал аст, ки таваллуди панҷгоник бо муваффақият сурат мегирад. Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бесобиқа аст. Дар гузашта чанд мавриди таваллуди сегонику чоргоникҳо дар Тоҷикистон сабт шуда буд.

Гулҷаҳон Давлатзода гуфт соли гузашта дар ин зоишгоҳ чаҳор бор чоргоник таваллуд шудааст ва ҳамаи онҳо саломат ҳастанд.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Ҳукумат барои коҳиши суръати таваллуд чандин барномаҳои танзими оила қабул кардааст. Бо вуҷуди қабули ин барномаҳо дар Тоҷикистон серфарзандӣ мисли солҳои шӯравӣ “сарват” ба ҳисоб намеравад. Пажуҳишҳо нишон додаанд, ки ҷуфтҳои тоҷик фақат аз 3 то 4 фарзанд доштан мехоҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button