ВидеоНомаҳо ба президент

ПАЁМИ СОЛИНАВИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: АГАР МО ХОҲЕМ, КИ ЗИМИСТОНРО БЕ МУШКИЛӢ ГУЗАРОНЕМ… (ВИДЕО)

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар паёми солинавиаш соли 2020-ро “яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин дар таърихи инсоният» унвон кард ва ҳушдор дод, ки «гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо қариб ба нестӣ расидааст, мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошем, ба бепарвоиву фориғболӣ роҳ надиҳем, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоем.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз эҳтимоли камчин шудани маводи  ғизоӣ, болоравии нархҳо ва ба гуруснагиву фақр гирифтор шудани миллионҳо нафар дар саросари дунё ҳушдор дод ва гуфт, сокинони Тоҷикистон бояд аз ҳар як ваҷаб замини корам, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ оқилона истифода баранд.

“Мо ин корро бо дарназардошти мушкилоти зикргардидаи вобаста ба озуқаворӣ бояд дар соли 2021 низ идома диҳем, боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки ба камчинии маҳсулот ва болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ роҳ надиҳем ва мардуми Тоҷикистон ба танқисиву муҳтоҷӣ гирифтор нашаванд”, – гуфт президенти Тоҷикистон

Ӯ ҳамчунин аҳолиро ба  муносибати бисёр ҷиддӣ ба сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои рӯзгор, қабл аз ҳама, ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим даъват кард ва гуфт, “агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, , ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button