Хабарҳои кӯтоҳ

МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ГУЛХОНА

Сокини 34-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов шаби 19 декабр, соати 23:30 ҳангоми муноқиша бо ду бародари 32 ва 27-сола аз шаҳраки Меҳробод, ба шиками марди 32-сола корд задааст.

Як сокини 45-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соли 2019 аз сокини 29-солаи кӯчаи Қаротегин барои тахт кардани ҳуҷҷатҳои хонааш 85 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол ин ваъдаашро иҷро накардааст.

Аз ду сокини ҷамоати Чилгазӣ дар Исфара 5700 маводи тарфгарии навъи “Британик” ва аз сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 19 600 маводи тарфгарии навъи Х-201 ва Микки Маус мусодира кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 31 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо корд захмӣ намудани марди 27-сола дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар назди ҳавлии истиқоматиаш, бо бародарон: мардони 32 ва 27-солаи сокинони ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба шиками марди 32-сола задааст.
Мувофиқи маълумотномаи Ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2019 дар кӯчаи Қаротегини шаҳри Душанбе, марди 45-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 85 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ҳуҷҷатҳои хонаи сохтмонаш нотамомро тайёр карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29 ва ҷавони 24-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурдагон 5 ҳазору 700-дона маводи тарфгарии намуди «Британик» дарёфт ва гирифта шуд. Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд маводҳои гирифташуда коршоям мебошанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 19 ҳазору 600-дона маводи тарфгарии намуди «Х-201 ва Микки Маус» дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button