КИШТИШИКАСТАГОНЕМ… ҶАНГИ КАЛОН ДАР БАЙНИ РОҲБАРОНИ РАДИОИ ОЗОДӢ
Як гуруҳи роҳбарони Радиои Озодӣ, аз ҷумла ноиби президент, аъзои Шӯрои таҳририя ва мудирони аксари бахшҳои забонии ин радио дар як номаи муштарак Майкл Пак, мудири кулли Агентии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) барои ба мақоми президенти Радиои Озодӣ таъйин кардани Тед Липйен ба боди интиқоди шадид кашидаанд. Чунин шеваи дастаҷамъонаи танқид аз роҳбарони ин агентӣ дар таърихи радиои Озодӣ бори аввал мушоҳида мешавад.
Майкл Пак рӯзи 18 декабр Тед Липйени 67-соларо президенти Радиои Озодӣ таъйин кард. Ин зодаи Лаҳистон ва мудири собиқи бахши лаҳистонии “Садои Амрико” баъди рафтанаш аз мақом сомонаи BBG Watch-ро таъсис дод. Ин сомона USAGM (қаблан – BBG) ва сохторҳои он, аз ҷумла Радиои Озодиро барои номуассирии фаъолияташон ва кӯтоҳӣ дар сиёсати эҷодӣ ва масоили кадрӣ ва ҳамчунин фасоду ошнобозӣ ба шиддат интиқод мекард.
Нигаронии роҳбарони Радиои Озодӣ зоҳиран аз ҳамин зовия об мехӯрад, ки навиштаанд: “Шумо Шӯроро барои он истифода бурдед, ки номзади носанҷида Тед Липйенро, ки дар гузашта дар бораи Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои байналмилалии Амрико мақолаҳои яктарафа менавишт, таъйин кунед.”
Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ, қароргоҳи марказиаш дар Прага, ширкати матбуотиест, ки аз ҷониби Конгресси Амрико тавассути USAGM маблағгузорӣ мешавад ва наздики 30 бахш бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ дорад. Бахши тоҷикии ин ширкат бо номи Радиои Озодӣ маъруф аст.
Радиои Озодӣ солҳои охир дар буҳрони амиқ қарор дорад. Аз соли 2012 ба ин тараф 12 маротиба роҳбарони ин радио иваз шуданд ва президентҳои таъйиншуда ва и.в. президентҳои Радиои Озодӣ дар ин давра ҳамагӣ аз чанд моҳ то ҳадди аксар ду сол тавонистаанд ба Радиои Озодӣ раҳбарӣ кунанд.
Дар чунин шароит бисёриҳо таъйиноти Тед Липйен ба роҳбарии Радиои Озодиро ҳамчун як таъйиноти инқилобӣ ба қалам медиҳанд ва умедворанд, ки ӯ бо иродаи қотеъаш метавонад, менеҷерҳои фасодолудаи радиои Озодиро берун андохта, ин радиоро аз ботлоқи ин буҳрони амиқ берун бикашад.
Вале дар номаи дастаҷамъонаи роҳбарони Радиои Озодӣ, ки рӯзи 30 декабр ба номи Пак ва ҳамчунин ба раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс Нэнси Пелоси, роҳбари аксарияти Сенат Митч МакКонелл ирсол шудааст, иддао мешавад, ки Пак ба хотири манфиатҳои як ҳизб мехоҳад озодии Радиои Озодиро маҳдуд кунад.
Майкл Пак дар як посух, ки дар ихтиёри CNBC гузошт, инро рад кард: «Номаи хонум Синделар пур аз хатост. Ягон навъ кӯшиши «гузашт дар масъалаи озодӣ дар муқобили таъсирҳои сиёсӣ нест инҷо. Баракс, тамоми амалҳое, ки ман рӯи даст гирифтам, бар асоси масъулиятҳои ман дар назди Конгресс ва пойбандиам ба иҷрои рисолати USAGM аст”.
Дар номаи роҳбарони Радиои Озодӣ таъкид мешавад, ки Майкл Пак баъди адои савгани Ҷо Байден ба ҳайси президенти нави Амрико тарки мақом хоҳад кард, вале бо ин вуҷуд, ба таъйиноти кадриаш идома дода истодааст.
“Мо ин амалҳоро ҳамчун кӯшиши таҳти назорати як ҳизби сиёсии Амрико қарор додани Радиои Озодӣ арзёбӣ мекунем ва ин дар ҳолест, ки будубоши шумо дар мақоми мудири кулли Агентии расонаҳои байналмилалии Амрико, ба эҳтимоли ғолиб, бо иваз шудани маъмурият дар Вашингтон низ ба поён мерасад ”, – навиштаанд роҳбарони Радиои Озодӣ.
Майкл Пак моҳи июн ба мақоми мудири кулли Агентии расонаҳои байналмилалии Амрико расид ва билофосила раҳбарони ҳамаи 6 расонаи тобеи он, аз ҷумла роҳбарони аввали Садои Амрико ва Радиои Озодиро барканор кард.