МуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЯК ПРАНКИ НОҶО БЛОГЕРИ ТОҶИК КАРОМАТУЛО ҶАБОРОВРО БА ДОДГОҲ КАШОНД (ВИДЕО)

Тафтиши пешакии парвандаи блогери зодаи Тоҷикистон Кароматулло Ҷаборов барои пранкаш  дар метрои Маскав дар мавзӯи коронавирус анҷом ёфта, ин парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Парвандаи № 01-0511/2020 рӯзи 30 декабр дар картотекаи додгоҳи ноҳияи Пресняи шаҳри Маскав расман сабт шуда, ҳоло барои омӯзиш дар дасти додрас қарор доштааст.

Аз картотекаи додгоҳи Пресня бармеояд, ки дар чорчӯби ин парванда бар асоси моддаи 213, қисми 2-юми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ се нафар ҳамчун айбдоршаванда мегузаранд: Ҷаборов К.С., Мелихов С. Д. ва Исаченко А. А. Ду нафари охир шаҳрвандони Русия мебошанд ва ба фарқ аз блогери тоҷик дар давраи тафтиши парвандаашон ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доштанд. Кароматулло Ҷаборовро низ дар аввал мехостанд шартан озод кунанд, вале маълум шуд, ки ӯ дар суроғае, ки ҳангоми бозпурсиаш нишон дода буд, зиндагӣ намекунад. Дар пайи ин, тафтишот аз додгоҳ барои блогери тоҷик ҳамчун чораи пешгирӣ ҳабси пешакиро тақозод кард, додгоҳ ин дархостро пазируфт ва Кароматулло Ҷаборов аз рӯзи боздошташ – 8 феврал – инак қариб 11 моҳ боз дар пушти панҷара қарор дорад.

Адвокати ӯ Роман Шахматов низ дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС тасдиқ кардааст, ки “тафтиши ин парванда ба итмом расид ва парванда ба додгоҳ фиристода шудааст.”

Бар асоси қисми дуюми моддаи 213 ҳамчун муҷозот ба Кароматулло Ҷаборов ва шариконаш ҷарима ба андозаи аз 500 ҳазор то як миллион рубл, ваё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё то 7 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Кароматулло Ҷаборов 25 сол дошта, дар шаҳри Маскав кор ва зиндагӣ мекунад.  Ӯ дар Маскав ба ҳайси бармен, пешхидмат ва кассир кор карда, дар вақтҳои холӣ аз кор видео ба навор мегирифту дар Ютуб ва дигар пойгоҳҳои интернетӣ нашр мекард.

Рӯзи 2 феврал 5 ҷавони аз 17 то 25-сола – се шаҳрванди Русия, як зодаи Қирғизистон ва як зодаи Тоҷикистон дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи “Полежаевская” ба самти истгоҳи “Улица 1905 года” ҳаракат дошт, мардумро бо коронавирус тарсонданд. Дар видео дида мешавад, ки яке аз онҳо, ки дар рӯяш ниқоб кашидааст, якбора дар байни вагон аз ҳуш меравад ва ба даступо задан сар мекунад. Мардум аввал мехоҳад ба вай кумак расонад, вале касе аз пранкерҳо мегӯяд, ки вай гирифтори коронавирус аст ва ҳама издиҳом аз бари вай дур мешаванд ва баробари ба истгоҳ расидани метро тарки вагон мекунанд. Дар видео дида мешавад, ки як корманди пулис низ баробари издиҳом аз вагон фирор мекунад. Ба гуфтаи тафтишот, Кароматулло Ҷаборов ин саҳнаҳоро наворбардорӣ карда, дар Интернет гузоштааст.

Ин пранк дар рӯзҳое буд, ки хабари паҳншавии коронавирус тоза пайдо шуда буд ва мардумро ҳатто аз шунидани номи ин беморӣ таҳлука фаро мегирифт.

Алексей Попов, адвокати Кароматулло Ҷаборов он вақт гуфт, дар кирдори зерҳимояаш ягон таркиби ҷиноят дида намешавад ва Ҷаборов танҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомиа ба масъалаи коронавирус ин пранкро сабт ва паҳн кардааст.

Ин видеоро набояд аз видеоҳои дигар ҷудо кард. Онҳо дар мағозаҳо чанд видеои дигар них сабт карданд, ки аз мардум мепурсиданд, оё дар бораи коронавирус чӣ маълумот доранд. Дар дорухонаҳо, ки ниқобҳои тиббиро бо нархи гарон мефурӯхтанд, видео мекарданд. Онҳо таваҷҷуҳи мақомотро мехостанд ҷалб кунанд, ин ҷо ягон таркиби ҷиноят нест”, – гуфта буд  Попов.

Худи Кароматулло Ҷабборов низ  дар мурофиаи аввал, ҳангоми баррасии масъалаи ҳабсаш гуфт, ҳадафаш аз сабт дар вагони метро ягон хайп набуд, балки мехост таваҷҷуҳи мардумро ба ин масъалаи ҷиддии хатари коронавирус ҷалб кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button