ВидеоТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

ВИДЕОИ ҶОНГУДОЗИ ЯК КӮДАКИ ТОҶИК: ХУДО ФАРЗАНДОНИ ШУМОРО МИСЛИ МАН ХОР НАКУНАД…

Канали “КОЛЯ ТАДЖИК” дар Ютуб видеои ҷонгудозеро дар бораи як кӯдаки тоҷики 13-сола нақл кардааст. Видео аз он шурӯъ мешавад, ки кӯдаки дар сари китфаш як қуттии вазнин дар ҳавои сарду пурбориш шишаи мошини муаллифи видеоро тақ-тақ мезанад ва барои фурӯш кукуруза пешниҳодаш мекунад. Дили ронанда ба кӯдак, ки дар ҳавои сарду боронӣ дар кӯча харидор мекофт, месӯзад ва ӯро дохили мошин даъват мекунад ва чанд дақиқа пои суҳбати ин тоҷири хурдсол менишинад.

Кӯдак мегӯяд, ки Талабшо ном ва 13 дорад ва ҳар рӯз то соати 4-5-и шом дар кӯчаҳо кукуруза мефурӯшад. Талабшо нақл мекунад, ки падараш онҳоро партофту рафт ва дар Ёвон зани нав гирифт, модараш сахт мариз аст ва ӯ ҳар бастаи кукурузаро яксомонӣ харида, дусомонӣ мефурӯшад ва аз ин ҳисоб ҳар рӯз 20-30 сомонӣ кор мекунад, то модарашро табобат кунад ва ба по бихезонад.

Ронанда ба ӯ мегӯяд, агар ҳамин 30 сомониеро, ки дар рӯз кор мекунад, барояш бидиҳад, оё ба хонааш хоҳад рафт, то ҳадди ақал ҳамин рӯз, ки ҳам сард асту ҳам барфу бориш, истироҳат кунад? Талабшо сарашро хам мекунад ва мегӯяд, ки не, наметавонад. Ронанда мепурсад, ки чаро? “Модарам мариз аст, бояд кор кунам ва доруҳояшро бихарам…” – бо ҳасрат посух медиҳад кӯдак.

Ронанда дар поёни суҳбат ба Талабшо 100 сомонӣ медиҳад ва мегӯяд, ин даромади серрӯзааш мешавад, ин пулро бигираду ба хонааш биравад. Талабшо аз ин ҳиммати ронанда ба риққат омада, дасти кӯдаконаашро ба дуо мекушояд ва дар ҳаққи ронанда барои ин хайри кардааш дуру дароз дуо мекунад: “Худованд ба касбу коратон баракат бидиҳад! Худованд файзатонро зиёда гардонад, ҳамеша нигаҳбонатон бошад! Садсола шаведу баъд аз он пир шавед!”

Вале нуқтаи аз ҳама риққатовар дар дуои Талабшои кӯчак ин ҷумла буд, ки гуфт: “Худованд фарзандони шуморо ҳеҷ гоҳ мисли ман хор накунад…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button