Хабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ДАР ҲИСОР

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як ҷавони 26-солаи сокини Ҳисор субҳи 26 декабр, тахминан соати 06:30 вориди хонаи як зани 52-сола шуда, ӯро бо роҳи буғӣ карданд, ба ҳалокат расондааст. Ин ҷавон дастгир гардида, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми одамкушӣ парванда кушодаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби даст ба қатли зани солхӯрда задани ин ҷавон ҳанӯз рӯшан нест. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Ошкор шудани ҷинояти куштор дар шаҳри Ҳисор

Маркази матбуоти ВКД

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки пешдастгиршуда, ҷавони 26-солаи сокини шаҳри Ҳисор, санаи 26-уми декабри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, ғайриқонунӣ ба хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо роҳи бӯғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “и”, “л” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button