МОДАР БАРОИ НАҶОТИ ҶОНИ ФАРЗАНД ЯК ГУРДААШРО БА Ӯ ДОД (3 АКС)
Як модари тоҷик барои наҷоти ҷони фарзандаш як гурдаи худро ба ӯ додааст. Табибон ҳангоми ташхис муайян кардаанд, ки як гурдаи писари ин модар аз кор монда, гурдаи дуюмаш ҳамагӣ як фоиз кор мекардааст. Гурдаи ягон донор ба бадани ҷавон мувофиқат накардааст ва модар розӣ шудааст, ки як гурдаашро ба фарзандаш бидиҳад. Ин модару фарзанд ҳоло дар клиникаи ба номи Мансуров дар шаҳри Душанбе қарор доштаанд. Барои анҷоми ҷарроҳӣ ва ба бадани писараш часпондани гурдаи ин модар беш аз 70 ҳазор сомонӣ лозим будааст. Маҳмад Хидирзода бо нашри чанд акс аз мардуми дастбахайр хостааст, ки ин модарро ноумед накунанд ва барои наҷоти фарзанди ӯ дасти кумак дароз кунанд.
Рақам барои тамос (Хоҳари ҳамон модар): +992919654448
Рақами корти бонкӣ: 6233510110211244 СпитаменБонк
Маҳмад Хидирзода
Ассалому алейкум ба мардуми Тоҷик.
Имруз мо як ҳолати бисёр ғамгинкунандаро мушоҳида намудем ва ин моро водор намуд, ки ба шумо барои кумак намудан, муроҷиат намоем.
Дар клиникаи Мансурови шаҳри Душанбе як нафарро барои бемории гурда ба табобат фаро гирифтаанд. Баъди супоридани ташхис муайян карда шудааст, ки як гурдааш пурра аз кор монда, як гурдаи дигараш ҳамагӣ 1 фоиз кор мекардааст. Аз ин сабаб лозим шуд, ки ба ӯ гурдаи дигар монанд. Дар инҷо чанде аз наздикони беморро гурдаашонро ташхис намуданд, вале мувофиқ наомад. Танҳо гурдаҳои модараш барои писараш мувофиқ буда, модараш як гурдаашро ба ӯ дод. Айни ҳол онҳо модару писар дар клиникаи Мансуров бистарианд. Барои гузаронидани ин ҷарроҳӣ ба табибон зиёда аз 70 хазор сомонӣ лозим буда, шароити онҳо вазнин мебошад. Бинобар ин аз мардуми тоҷик хоҳиш менамоем, ки ҳар шахсе ки имконияте барои кумак кардан дошта бошад, барои ин модари бузург кумаки худро расонанд. (Хоҳишмандем инро паделитса кунед)
Рақам барои тамос (Хоҳари ҳамон модар) +992919654448
Рақами карта 6233510110211244 СпитаменБонк