Иқтисод

КОРХОНАИ “ҒАЮР-ПАК”-И АКБАР ҒУЛОМОВ АЗ АНДОЗ ОЗОД КАРДА ШУД (27 АКС)

Парлумони Тоҷикистон ширкатиҒаюр-Пак“-ро барои 5 сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард. Раиси ширкат Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов аст. Корхонаҳои ӯ, ки асосан ба истеҳсоли семент машғуланд, дар гузашта низ аз имтиёзҳои молӣ баҳраманд шудаанд. Ин дафъа парлумон бар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Ғаюр” корхонаи истеҳсоли халтаҳои “полипропиленӣ” дар шаҳри Душанберо, ки ба ин ширкат тааллуқ дорад, аз пардохти андоз озод кард. Ин корхона рӯзи 16 декабр дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар парлумон гуфт, барои корхонаи истеҳсоли халтаҳои “полипропиленӣ” аз ширкати “Старлингер анд Ко джиэмбиэйч”-и Олмону Австрия ба маблағи 100 миллион сомонӣ таҷҳизот харидааст.

Хадамоти матбуоти президент қаблан хабар дода буд, ки корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Ғаюр-Пак” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Ғуломов бунёд шуда,

дар асоси технологияи муосир фаъолият мекунад ва “таҷҳизоти корхона аз ширкати пешгоми Олмону Австрия “Старлингер анд Ко ҷиэмбиэйч” харидорӣ гардида, дар Осиёи Марказӣ феълан ягона ба ҳисоб меравад”.

Ин корхона дар як сол 50 миллион дона халтаи полипропиленӣ истеҳсол мекунад ва дар корзона  140 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр-Pack” дар ҳудуди аввалин Парки технологияҳои инноватсионии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст.

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Ғаюр-Пак” дар шаҳри Душанбе  16.12.2020

Радиои Озодӣ дар ҳамин ҳол рӯйхатти корхонаҳоеро нашр кардааст, ки соли 2021 аз пардохти андоз ва боҷу хироҷи гумрукӣ озод карда шудаанд:

  • Воридоти нерӯи барқ ва гази табиӣ;
  • Воридоти техника ва нақлиёти махсус барои парки автомобили мусофирбарии шаҳри Душанбе;
  • Корхонаи воҳиди давлатӣОид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе“;
  • Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаиМаркази барқу гармидиҳӣ“-и шаҳри Душанбе;
  • МеҳмонхонаиИсмоили Сомонӣ“, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе;
  • Сохтмони 11 мактаб аз сӯи ширкатҳои чинии ТВЕА ва Синоҳайдро, Русия ва Туркманистон;
  • Сохтмони як маҷмааи тандурустӣ бо пули Узбекистон;
  • Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар фосилаи муайяншудаи роҳи
  • Душанбе-ХуҷандЧаноқ бо пули хайрияи Покистон;
  • Воридоти 7 ҳазору 200 тонна ангишт барои ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон;
  • Федератсияи футболи Тоҷикистон ва клубҳои футбол;
  • Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳу таҷҳизот барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ;
  • Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гўштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво;
  • Воридоти молу масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади бунёди 10 қароргоҳ барои қабули меҳмонони сатҳи олӣ дар шафати бӯстонсарои ҳукуматӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе;
  • Воридоти бланкаҳои шиноснома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
  • Воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, барои истеҳсоли таҷҳизот ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби ширкатиАгротехсервис“-и Ҳисор.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button