КАЙФ – КАЙФИ Ӯ! ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКМАНИСТОН АЗ БАРФ БОБОИ БАРФӢ СОХТ (ВИДЕО)
Рӯзи якшанбе, 27 декабр, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳангоми сайругашт дар кӯҳҳои Копетдоғ дар канори Ишқобод ҳамроҳи наберааш Карим аз барф Бобои барфӣ сохтаанд. Нашрияи «Хроники Туркменистана» видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна Бердимуҳаммадов аз барф Бобои барфӣ месозад ва наберааш Карим ин лаҳзаҳоро аксбардорӣ мекунад.
Бино ба гузориши хабаргузории давлатии Туркманистон ТДХ, президент ва наберааш рӯзи якшанбе ба канораҳои ҷанубии пойтахт, шаҳри Ишқобод раҳсипор шуданд. Дар инҷо Бердимухаммадов машқи варзиш кард ва сипас онҳо тавассути фуникулёр ба сӯи Копетдоғ рафтанд. Дар инҷо президент ба наберааш қуллаҳои барфпӯш ва манзараҳои Ишқободро нишон дод ва сипас ҳарду аз барф Бобои барфӣ сохтанд.
«Карим Бобои барфиро ҳамчун хотира аз рӯзе, ки дар оғӯши табиат ба сар бурданд, акс гирифтанд. Аммо президент, ки одат кардааст, то ҳар кори кардаашро то ба охир бирасонад, пайкараи Бобои барфиро низ бо резакориҳои иловагӣ такмил кард»», – омадааст дар гузориши ТДХ. Бино ба ин манбаъ, аз номи президент ба ҳамаи кормандони фуникулёр туҳфаҳои солинавӣ додаанд.
Имсол Туркманистон Соли навро бо шукӯҳ таҷлил мекунад. Арчаи солинавии Ишқобод баландтарин арча дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Баландии он бо ситорааш 41 метр ва паҳнояш 16 метр будааст.
Дар ҷои дуюм арчаи солинавии Тошканд меистад, ки 36 метр баландӣ ва 13 метр бар дорад. Дар Бишкеку Нурсултон имсол арчаҳои солинавии 25-метрӣ гузоштаанд.
Аммо мақомоти пойтахти Тоҷикистон имсол ба далели коронавирус аз гузоштани арчаи солинавӣ дар маркази Душанбе худдорӣ карданд. Бо қарори ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, баргузории ҷашну тантанаҳои солинавӣ дар саросари Тоҷикистон манъ шудааст.