ВидеоКоррупсияҲуқуқи инсон

ЭЪТИРОЗИ ҲАМСАРИ БАҲРОМ ИНОЯТЗОДА ДАР НАЗДИ ДОДГОҲИ КӮЛОБ

Дилором Самиева, ҳамсари Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб, нимаи дуюми рӯзи 30 декабр дар назди додгоҳи минтақаи Кӯлоб эътироз кардааст. Як мақоми ин додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилором Самиева баъди нисфирӯзӣ дар назди додгоҳ ҳудуди ним соат бо садои баланд дод задааст. “Фарёд мекашид, ки “маро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо”. Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд”, — гуфтааст ин мақом. Гуфта мешавад, ки ӯ иҷозати мулоқот бо шавҳари зиндониашро талаб доштааст. Баҳром Иноятзода моҳи июни соли ҷорӣ дастгир ва 20 ноябр бо ҷурмҳое, чун суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Иноятзода баъди эълони ҳукмаш дар толори додгоҳ гуфт, дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ вуҷуд надоштааст. Боздошти Иноятзода дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ дар аввали сол дар нишасти хабариаш ба шиддат аз Бег Сабур, қудои президент интиқод кард. Ӯ ҳоло аз ҳукмаш ба Додгоҳи олӣ шикоят навиштааст. Наздиконаш мегӯянд, аз моҳи июн ба ин тараф ягон бор ба онҳо иҷозати мулоқот бо Баҳром Иноятзодаро надодаанд.

Эътирози ҳамсари Баҳром Иноятзода дар назди додгоҳи Кӯлоб

Мӯъмин Аҳмадӣ, Радиои Озодӣ


Ҳамсари Баҳром Иноятзода – шаҳрдори пешини Кӯлоб – дар назди бинои додгоҳи минтақа эътироз кардааст. Дилором Самиева гуфтааст, аз он ки моҳҳо боз барои мулоқот бо шавҳараш иҷозат намедиҳанд, норозист. Дар Додгоҳи минтақаи Кӯлоб сабаби роҳ надодани пайвандони Иноятзодаро барои дидор бо ӯ шарҳ надоданд.

Аммо як мақоми додгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Дилором Самиева пас аз нисфирӯзии 30-юми декабр ба назди бинои додгоҳ рафта, ҳудуди ним соат бо садои баланд дод задааст. Фарёд мекашид, кимаро ҳамроҳ бо шавҳарам зиндонӣ кунед, беинсофҳо“. Посбонҳо ӯро аз назди бино дур карданд“, — гуфт мусоҳиби мо.

Пайвандони Дилором Самиева гуфтанд, пас аз ин ҳодиса фишораш баланд шуда, баъди хӯрдани дору феълан имкони суҳбат карданро надорад.

Муҳаббат Иззатова, хоҳари Баҳром Иноятзода, гуфт, аз моҳи июн то ин дам ба онҳо иҷозаи мулоқот надодаанд. Охир, як бор бинем, ки ӯ чӣ ҳол дорад. Ҳамсараш ба ҷон омад ва имрӯз рафт. Мегӯянд, азболоиҷозат нест. “Болокӣ аст? Мисли тӯби футбол шудаем, намедонем, додамонро ба кӣ бигӯем? — гуфт ӯ.

Дар Додгоҳи минтақаи Кӯлоб дар ин бора ҷузъиёт надоданд.

Баҳром Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри имсол 12 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ бар асоси шаш моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор шуд. Худаш ҳукмро ноодилона хонд.

Пайвандони Баҳром Иноятзода гуфтанд, аз ҳукми додгоҳи минтақаи Кӯлоб розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд.

“Худаш ариза навиштааст. Ҳама айбномаро нуқта ба нуқта баррасӣ карда, исбот кардааст, ки гуноҳ надорад. Боз бубинем, ки Додгоҳи олӣ чӣ тасмим мегирад. Баъди соли нав Додгоҳи олӣ бояд баррасӣ кунад“, — гуфт хоҳараш Муҳаббат Иззатова.

Номи Баҳром Иноятзода дар моҳи феврали имсол, замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати “Комил-2010”, мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

Баҳром Иноятзода аз камтарин роҳбарони шаҳру ноҳияҳо аст, ки дар замони дар сари кор буданаш дастгир мешавад. Ӯро рӯзи боздошташ бо фармони президенти Тоҷикистон аз вазифа барканор карданд.

Додгоҳи минтақаи Кӯлоб, инчунин, Хурсандмурод Хуррамов, ронандаи Баҳром Иноятзодаро ба 8 сол зиндон маҳкум кард. Ёвари пешини ӯ Фирӯз Қурбонов 7 сол ва Хуршед Ашӯрмадов, мудири анбори шаҳрдории Кӯлоб, 7 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Пештар додситон барои Иноятзода чаҳордаҳ сол, Хуррамов нӯҳ сол ва Қурбонов панҷ сол зиндон талаб карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button