ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ РӮЗИ 30 ДЕКАБР АЗ ПОЙГОҲИ “БОМДОД” (ВИДЕО)

Салом, тамошобинони азиз.

Таваҷҷуҳ кунед ба хулосаи муҳимтарин хабарҳои рӯзи 30 декабри соли 2020 аз пойгоҳи хабарии “Бомдод”. Дар ин барнома:

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки бо санадҳои тиббӣ мехостанд вориди Русия шаванд, аз фурудгоҳҳои Маскав пас гардондаанд.

Бародари Саидасрор Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Самара мегӯяд, ӯро ҳоҷиёни пулдор мехоҳанд аз Русия биронанд, чунки Саиасрор мухолифи ҳақ бастани аробакашҳои тоҷик буд.

Амрико ба вазорати тандурустии Тоҷикистон барои табобати беморони коронавирус 200 баллони оксиген дод.

Парлумони Тоҷикистон як корхонаи ширкати “Ғаюр”-ро аз андоз озод кард

Додгоҳи Маскав шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Воҳид Субонқуловро бо ҷурми ғорати соҳибкорони бозори Люблино ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Як ҷавони 26-сола дар Ҳисор барои қатли зани 52-сола боздошт шудааст.

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд ва онҳоро иҷозати вуруд ба қаламрави Русия надоданд. Аксари онҳо ба Русия бар асосси санадҳои тиббӣ ва гӯё бо мақсади табобат омадаанд, вале афзоиши шумори чунин мусофирони «бемор» боиси шубҳаи мақомоти Русия шудааст.

Русия, қарори маълум, аз моҳи март ба далели пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус марзҳои худро ба рӯи муҳоҷирон баст. Аммо ба таври истисноӣ ба онҳое, ки бо мақсади табобат аз ягон бемории ҷиддӣ бояд ба Русия меомаданд, иҷозати вуруд ба ин кишвар дода мешуд.

Ин истисно бозори корчаллонҳоеро гарм кардааст, ки аз ҳисоби фурӯши санадҳои тиббии қалбакӣ дар бораи зарурати табобат дар Русия ба хоҳишмандони омадан ба ин кишвар барои худ тиҷорат дуруст кардаанд. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав хабар дод, ки чунин санадро ба нархи то 90 ҳазор сомонӣ мефурӯшанд. Ёров хабар дод, ки аз як ҳавопаймое, ки аз Ӯзбекистон дар фурудгоҳи Шереметево нишаст, қариб 100 нафар бо худ санади тиббӣ дар бораи зарурати табобаташон дар Русия аз бемории … простатит доштаанд. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ, аз як ҳавопаймо, ки аз Тоҷикистон ба фурудгоҳи Внуково омадааст, дастикам 4 нафар аз як бемористон санади тиббӣ доштаанд, ки низ боиси шубҳаи мақомоти Русия ба ҳақиқӣ будани ин санадҳо шудааст.

Шаҳрвандони Ӯзбекистонро баъди се рӯзи дармонданашон дар фурудгоҳи Шереметево рӯзи чорум ба кишварашон пас фиристодаанд.

Ҳукми аз Русия ихроҷ кардани Саидасрор Мирзоев, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Самараи Русия бисёриҳоро ба ҳайрат овард, чунки ӯ ҳанӯз соли 1993 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд. Пайвандон ва вакили мудофеи ӯ мегӯянд, парванда беасос буда, “як гурӯҳи тоҷикони манфиатхоҳ” мехоҳанд Саидасрор Мирзоевро барои мухолифаташ ба кӯшишҳои ҳақ бастани аробакашҳои тоҷик аз Русия биронанд. Бародари ӯ Довудҷон Мирзоев гуфт, дар базаи №3-и Самара тақрибан 500 аробакаши тоҷик кор мекунад ва як гуруҳи ба гуфтаи Довудҷон, “ҳоҷиҳои пулдор”, мехост аз ин аробакашҳо ҳақ биситонад. Вале Саидасрор ба ин кор монеъ шуда, гуфтааст,  “ақаллан аробакашҳоро ғам надиҳед.” Мирзоев гуфт, ин “ҳоҷиҳои пулдор” ба кормандони мақомоти Самара ришва дода, хостаанд, бародари ӯро аз Русия ронанд. Саидасрор Мирзоев ҳоло дар боздоштгоҳи Толятти қарор дорад. Додгоҳи ноҳияи Советский рӯзи 23 декабр ҳукми ихроҷи ӯ аз Русияро содир кард.

Парлумони Тоҷикистон ширкатиҒаюр“-ро 5 сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кард. Раиси ширкат Акбар Ғуломов, писари собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов аст. Корхонаҳои ӯ, ки асосан ба истеҳсоли семент машғуланд, дар гузашта низ аз имтиёзҳои молӣ баҳраманд шудаанд. Ин дафъа парлумон бар асоси созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Ғаюр” корхонаи истеҳсоли халтаҳои “полипропиленӣ” дар шаҳри Душанберо, ки ба ин ширкат тааллуқ дорад, аз пардохти андоз озод кард.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар парлумон гуфт, барои корхонаи истеҳсоли халтаҳои “полипропиленӣ” аз ширкати “Старлингер анд Ко джиэмбиэйч”-и Олмону Австрия ба маблағи 100 миллион сомонӣ таҷҳизот харидааст.

Сафорати Амрико хабар дод, ки Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад. Сафорат гуфт, қисми аввали ин таҷҳизот – иборат аз беш аз 200 баллон барои оксиген – алакай ба вазорати тандурустии Тоҷикистон тақдим шуд. Ба гуфтаи сафорати Амрико ин барномаи дастгирии Амрико дар соли 2020 барои мубориза бар зидди COVID-19 дар умум ба 2,6 миллион доллар баробар буда, бар иловаи қариб 5 миллион доллар кумакест, ки Амрико имсол барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон расонидааст.

Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 29 декабр шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Воҳид Субонқуловро ба 11 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳ Субонқуловро дар узвият дар дастаи мусаллаҳ, ғоратгарӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ гунаҳкор шинохт, – хабар додааст додситонии шаҳри Маскав.

Бино ба фарзияи тафтишот, Субонқулов узви дастае буд, ки дар атрофи бозори «Люблино» амал мекард ва ба онҳое ҳамла мекард, ки аз ин бозор маблағҳои бузургро берун мебурданд.

Тафтишот мегӯяд, ки онҳо моҳи ноябри соли 2018 дар назди бозори «Люблино» ба нафаре ҳамла оварданд, ки бо худ 59 ҳазор доллар дошт. Онҳо дастикам 4 тир холӣ карда, соҳиби пулро захмӣ карданд ва пулҳояшро ба яғмо бурданд. Моҳи декабри соли 2018 боҳад, онҳо ба ду марде ҳамла карданд, ки дар мошинашон 13 миллион рубл доштанд. Дар натиҷаи ин ҳамла, яке аз ҷабрдидаҳо ҷароҳат бардошт ва ғоратгарон 13 миллионро ба яғмо бурда, аз ҷои ҳодиса фирор карданд.

Додситонии Маскав гуфт, Субонқулов дар ҷараёни тафтишот ба ҳамкорӣ бо муфаттишон розӣ шуд ва бо ӯ қарордоди ҳамкорӣ баста шуд. Ба ин далел, додгоҳ парвандаи Субонқуловро алоҳида аз айбдоршавандагони дигар муҳокима кардааст.

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як ҷавони 26-солаи сокини Ҳисор субҳи 26 декабр, тахминан соати 06:30 вориди хонаи як зани 52-сола шуда, ӯро бо роҳи буғӣ карданд, ба ҳалокат расондааст. Ин ҷавон дастгир гардида, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми одамкушӣ парванда кушодаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби даст ба қатли зани солхӯрда задани ин ҷавон ҳанӯз рӯшан нест.  Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Як модари тоҷик барои наҷоти ҷони фарзандаш як гурдаи худро ба ӯ додааст. Табибон ҳангоми ташхис муайян кардаанд, ки як гурдаи писари ин модар аз кор монда, гурдаи дуюмаш ҳамагӣ як фоиз кор мекардааст. Гурдаи ягон донор ба бадани ҷавон мувофиқат накардааст ва модар розӣ шудааст, ки як гурдаашро ба фарзандаш бидиҳад. Ин модару фарзанд ҳоло дар клиникаи ба номи Мансуров дар шаҳри Душанбе қарор доштаанд. Барои анҷоми ҷарроҳӣ ва ба бадани писараш часпондани гурдаи ин модар беш аз 70 ҳазор сомонӣ лозим будааст. Маҳмад Хидирзода бо нашри чанд акс аз мардуми дастбахайр хостааст, ки ин модарро ноумед накунанд ва барои наҷоти фарзанди ӯ дасти кумак дароз кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button