ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

2,6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР КУМАКИ АМРИКО БА ТОҶИКИСТОН БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС

Сафорати Амрико хабар дод, ки Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад. Сафорат гуфт, қисми аввали ин таҷҳизот – иборат аз беш аз 200 баллон барои оксиген – алакай ба вазорати тандурустии Тоҷикистон тақдим шуд. Ба гуфтаи сафорати Амрико ин барномаи дастгирии Амрико дар соли 2020 барои мубориза бар зидди COVID-19 дар умум ба 2,6 миллион доллар баробар шуда, бар иловаи қариб 5 миллион доллар кумакест, ки Амрико имсол барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон расонидааст.

Ҳукумати ИМА барои дастгирии системаҳои оксигени тиббӣ бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 2,6 миллион доллар ҷудо мекунад

Душанбе, Тоҷикистон, 29 декабри соли 2020 – Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, тавассути Намояндагии нави Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон (USAID), қисми аввали таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббӣ барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Ин барномаи дастгирии оксигенӣ илова ба тақрибан 5 миллион доллар кумаки тиббӣ мебошад, ки ҳукумати ИМА аллакай барои мубориза бар зидди COVID-19 дар тӯли соли 2020 ба Тоҷикистон расонидааст.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс ба муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода 200 зарфи оксигени тиббиро дар маросими расмӣ имрӯз супорид. Тоҷикистон дар қатори 11 кишварҳое, ки аз ҳукумати ИМА кӯмаки оксигенӣ мегиранд, қарор дорад ва ин дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 18 миллион долларро ташкил медиҳад.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 арзгузорӣ намуда, қайд кард: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем.»

Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахши одамони мубталои COVID-19 мебошад. Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.

Аз оғози пандемияи COVID-19, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, дастгирии ғизоӣ ба осебпазиртарин қишри аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар таъмин намудаст.

U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN

 

ℹ️USAID 200 адад таҷҳизоти таъминоти оксигени тиббӣ барои бемороне, ки зидди COVID-19 мубориза мебаранд, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақдим намуд. Оксигени иловагӣ табобати муҳим ва наҷотбахш барои одамони мубталои COVID-19 мебошад.

ℹ️Сафир Ҷон Марк Поммершайм талошҳои Тоҷикистонро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 арзгузорӣ намуда, қайд кард: «Мо шарикии худро бо мардуми Тоҷикистон қадр мекунем ва садоқати худро баҳри ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар вокуниш ба пандемияи COVID-19 изҳор менамоем».

ℹ️Илова ба зарфҳои оксигенӣ Сафорати ИМА дар соли оянда барои насб намудан дар беморхонаҳои Тоҷикистон се дастгоҳи пешрафтаи тавлиди оксигенро таъмин хоҳад кард.

ℹ️Аз оғози пандемияи COVID-19, Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба Тоҷикистон барои беҳтар намудани таъминоти оксигенӣ, фаъолияти лабораторияҳои тиббӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шуғл барои шахсони бекормонда, дастгирии ғизоӣ ба осебпазиртарин қишри аҳолӣ ва ғайра бештар аз 7,5 миллион доллар таъмин намудаст.

——

✅USAID handed over 200 medical oxygen cylinders to Tajikistan’s Ministry of Health to be used in treating patients with COVID-19 throughout Tajikistan. Supplemental oxygen is an essential, life-saving treatment for people infected with COVID-19.

✅U.S. Ambassador John Mark Pommersheim praised Tajikistan’s efforts to prevent the spread of COVID-19 and noted, “We value our partnership with the people of Tajikistan, and we remain committed to work with the Government of Tajikistan to help respond to the COVID-19 pandemic.”

✅This is the first delivery of equipment associated with a $2.6 million program to support the provision of medical oxygen for patients battling COVID-19 in Tajikistan. In addition to the oxygen cylinders, the U.S. Embassy will provide three advanced oxygen generation stations for installation at Tajik hospitals in the coming year.

✅Since the beginning of the COVID-19 pandemic, the U.S. government has provided over $7.5 million in assistance to Tajikistan to improve medical laboratories and their operations, create employment opportunities for displaced workers, provide nutritional support to vulnerable communities, and more.

https://bit.ly/38GhMSp

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button