ВИДЕО: ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЙГОҲИ “БОМДОД”. 29 ДЕКАБРИ СОЛИ 2020
Дуруд, тамошобинони азиз.
Муҳимтарин хабарҳои рӯзи 29 декабри Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.
Дар ин барнома:
Сардори раёсати молияи Панҷакент Камолҷон Азимӣ, ки 24 сентябр бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шуда буд, аз толори додгоҳ озод шуд.
Дар дастгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон се тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Аз номи Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор ятиму маъюб ва ниёзмандон ҳадяҳои солинавӣ додаанд.
Илҳомҷон Баротов, ҳуҷумкунандаи бошгоҳи “Истаравшан” беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 эълон шуд.
Шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Дубай ва Истанбул афзоиш ёфт, вале қоидаҳои вуруд ба Истанбул ба сабаби коронавирус аз 30 декабр шадидтар мешаванд.
Додгоҳи шаҳри Панҷакент рӯзи 18 декабр собиқ сардори раёсати молияи ин шаҳр Камолҷон Азимиро, ки ба гирифтани пора айбдор мешуд, 232 ҳазор сомонӣ ҷарима карда, пас аз ҳудуди се моҳи ҳабс аз толори суд озод кард. Камолҷон Азимӣ ба он айбдор мешуд, ки тибқи як шартномаи тендерӣ ба суратҳисоби ширкати “Ободонии ватан” – и шаҳри Хуҷанд аз маблағҳои буҷетӣ 510 ҳазор сомонӣ интиқол дода, дар иваз аз намояндаи ин ширкат Нозимов А. 31 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст. “Ободонии ватан” бояд дар ивази ин ним миллион сомонӣ барои маркази саломатии шаҳри Панҷакент барои ташхиси бемории коронавирус таҷҳизоти рентгении муосир дастрас мекард.
Парвандаи Азимӣ яке аз нахустин парвандаҳои порагирии мансабдорон аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда барои мубориза бо коронавирус буд, ки то ба додгоҳ расид, вале ба қавли манобеи огоҳ, “обу лой” шуд.
Масъалаи ҷазоҳои сабук ба мансабдорони муттаҳам ба гирифтани пора, дар аксари мавридҳо ҳамчун қаллобӣ банду даст шудани ин парвандаҳо як масъалаи ҷиддиест, ки кайҳо таваҷҷуҳи хоси мақомоти болоии давлати Тоҷикистонро талаб мекунад. Нозирони умур мегӯянд, чунин парвандаҳо худ ба як манбаи ҷиддии коррупсия табдил ёфтаанд ва судяҳову муфаттишони “корчаллон” дар ивази пораву ришва мансабдорони муттаҳам ба порахӯрӣ бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод мекунанд.
Коршиносон бар инанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бо чунин “раҳмдилӣ” нисбат ба мансабдорони муттаҳам ба ришвахорӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки ба як марази фарогир табдил ёфтааст, пирӯз шавад. Тоҷикистон ҳоло дар гузоришҳои байналмилалӣ дар байни 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.
Рӯзи 29 декабр дар дастгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон се тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарорҳои раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, ки то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайъин гардида, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъйин шуд. Сайфиддин Сафарзода то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд. Ҳамин тавр, Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки ин қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, бо қарори раиси вилоят мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъйин шудааст.
Вилояти Хатлон бо 3,3 миллион аҳолӣ пураҳолитарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин вилоят дар ҷануби Тоҷикистон дар майдони 24,6 ҳазор километри мураббаъ доман густурда, як манбаи умдаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваву сабзавот ба шумор меравад. Вилояти Хатлон дар поёни соли 1992 дар натиҷаи муттаҳид кардани ду вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа таъсис ёфтааст.
Рӯзи 28 декабр дар пойтахти Тоҷикистон ду садамаи марговар рух додааст.
Соати 07:20 бар асари дар давродаври кӯчаҳои Айнӣ-Назаршоев ба девори роҳ бархӯрдани як мошини “Равон-Нексиа” ронандаи 53-солаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.
Соати 14:05, дар рӯбарӯи ширкати “Ромсар” дар кӯӯчаи Коргар бар асари бархӯрди “Лексус LX-570“ бо “Ҳундай Соната” як кӯдаки навзоди с.т. 2020 ба ҳалокат расида, ронандаи 22-солаи “Ҳундай” ва як зани 25-солаи мусофираш ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Капитани 30-солаи бошгоҳи «Истаравшан» ва узви тими миллии Тоҷикистон Илҳомҷон Баротов беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2020 эълон шуд. Маросими эътои ҷоизаҳо ба беҳтаринҳои футболи тоҷикро Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 28 декабр баргузор кард.
Рустам Ятимов («Истиқлол») беҳтарин дарвозабони соли 2020, Фирдавс Чақалов («Хуҷанд») беҳтарин ҳимоятгар, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») беҳтарин нимҳимоятгар дониста шуданд. Ҷоизаи беҳтарин ҳуҷумкунандаи сол боз ҳам ба Илҳомҷон Баротов дода шуд. Беҳтари мураббии сол Виталий Левченко, сармураббии «Истиқлол» дониста шуд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон Рафина Нормуратова аз дастаи «Бешкент»-ро беҳтарин футболбоз дар байни занон, Сайёра Саидова аз «Зебонисо»-ро беҳтарин дарвозабон ва Лайло Ҳалимова ах «Хатлон»-ро беҳтарин нишонзани лигаи футболи занонаи Тоҷикистон ва Зебо Қосимова, сармураббии «Зебонисо»-ро беҳтарин мураббӣ эълон кард.
Ҳайдаршо Худойдодов («Суғд») беҳтарин футболбози лигаи то 15-солаҳо «Пешсаф», Кароматулло Боронов («Орзу-2026») – беҳтарин бозигари сол дар байни то 18-солаҳо ва Парвиз Алиев («Хуҷанд») беҳтарин футболбози лигаи ҷавонон дониста шуданд.
Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар ятимони кулл, маъюбов ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуда, барои онҳо зиёфати соли навӣ низ оростаанд.
Абдулмаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба “Ховар” гуфт, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон чунин тадбирҳо меандешад.
«Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим аст. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд», – гуфтааст Ҳакимзода.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, ки 33 сол дорад, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 4 сол боз роҳбарии пойтахти Тоҷикистонро дар даст дорад.
Шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Истанбул ва Дубай афзоиш ёфта, аз ин ба баъд ба ин ду самт ҳафтае чор маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд. Ду парвоз байни Душанбе ва Дубайро ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai ва ду парвози дигарро «Сомон Эйр» анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, дар асоси паритет ду парвозро байни Душанбе ва Истанбул ширкати Turkish Airlines ва дуи дигарро «Сомон Эйр» анҷом медиҳанд.
“Сомон Эйр” дар ҳамин ҳол, хабар дод, ки қоидаҳои сафар ба Истанбул шадидтар шудаанд ва мутобиқи талабот кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд.
Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30-юми декабри соли 2020 то 1-уми марти 2021 амал хоҳанд кард, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Ҳамин тавр. ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, ё санади ташхиси манфӣ надошта бошанд, 7 рӯз ба карантин гирифта мешаванд. Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати гирифторӣ ба коронавирус мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобат хоҳад гирифт ва аз ин рӯ, ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.