Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба 5 ҳазор нафар ятимони кулл, маъюбов ва шахсони эҳтиёҷманд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуда, барои онҳо зиёфати соли навӣ низ оростаанд.
Абдулмаҷид Ҳакимзода, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба хабаргузории “Ховар” гуфт, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи ҳар ҷашну идҳо барои дастгирию кумаки саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимону маъюбон чунин тадбирҳо меандешад.
«Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, бепарасторон, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, … чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшанд», – гуфтааст Ҳакимзода.
Ба ақидаи Ҳакимзода, Рустами Эмомалӣ бо чунин иқдомҳо роҳи падараш – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро идома медиҳад.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, ки 33 сол дорад, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 4 сол боз роҳбарии пойтахти Тоҷикистонро дар даст дорад.