СЕ ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДАСТГОҲИ ҲУКУМАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Рӯзи 29 декабр дар дастгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон се тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарорҳои раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, ки то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайъин гардида, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъйин шуд. Сайфиддин Сафарзода то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд. Ҳамин тавр, Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки ин қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, бо қарори раиси вилоят мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъйин шудааст.
Вилояти Хатлон бо 3,3 миллион аҳолӣ пураҳолитарин вилояти Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин вилоят дар ҷануби Тоҷикистон дар майдони 24,6 ҳазор километри мураббаъ доман густурда, як манбаи умдаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваву сабзавот ба шумор меравад. Вилояти Хатлон дар поёни соли 1992 дар натиҷаи муттаҳид кардани ду вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа таъсис ёфтааст.
Носирҷон Маъмурзода
ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Субҳи имрӯз, 29 декабр, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозиринро бо матни қарорҳои тозатасвиб оид ба тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи раис шинос карданд. Тибқи ин қарор, Дадобоев Алишер Тоҳирҷонович, ки то ин вақт муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд, сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъин гардид.
Ҳамзамон, Сафарзода Сайфиддин Хайрулло муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят таъин шуд. Сайфиддин Сафарзода то ин замон директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон буд.
Маҳмадсаид Зуҳурзода, ки ин қаблан дар мақоми сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекард, бо қарори раиси вилоят мудири шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ таъин гардид.
Раиси вилоят ба кадрҳои навтаъин, ки мутахассисони соҳибихтисосу корозмуда мебошанд, дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон барору комёбӣ таманно кард.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин доир ба раванди зимистонгузаронӣ дар ташкилоту муассисаҳо, вусъати корҳои ободонию хуррамгардонӣ дастурҳо дода шуд.
Қайд гардид, ки то поёни соли 2020 рӯзҳои башумор боқӣ мондааст ва масъулонро мебояд натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро ҷамъбаст намуда, ба ҳисоботи оморӣ ворид созанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин доир ба таҳкими тадбирҳои оммафаҳмонӣ барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, аёдати бошандагони хонаҳои пиронсолон, маъюбон ва дастгирии оилаҳои камбизоат, кишти картошкаю пиёз, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замин ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон